Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Худро аз ривоятҳои беҳудаву бемаънӣ дур гирифта, дар худотарсӣ инкишоф деҳ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:7
20 Iomraidhean Croise  

Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;


Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоён машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад.


Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,


Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.


Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.


Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.


Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанӣ бирав;


Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,


Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —


Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард,


Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;


Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;


Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард.


Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростӣ рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд.


Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем,


Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.


Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan