Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Агар ту – Тимотиюс, ин чизҳоро ба имондорон ёдрас кунӣ, хизматгори хуби Исои Масеҳ мешавӣ. Инчунин аз таълимот дар бораи имон ва аз дастурамалҳои неки иҷро кардаат парвариш меёбӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:6
39 Iomraidhean Croise  

Ҳоло донистаам, ки Худованд масеҳи Худро наҷот медиҳад; аз афлоки қудси Худ бо қудрати наҷотбахши ямини Худ ӯро иҷобат менамояд.


Зеро ки ба шумо сабақи некӯ медиҳам; таълими маро тарк накунед.


Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.


Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».


Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам,


Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:


Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳта, ҳар яке аз шуморо таълим додам.


Бо тамоми рафтори худ ман ба шумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: „Додан аз гирифтан беҳтар аст“».


Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гӯё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст,


Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.


Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо — бештар, дар зери зарбаҳо — аз андоза берун, дар зиндонҳо — бештар, дар чанголи аҷал — дафъаи бисьёр.


Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.


Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,


Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,


Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;


Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.


Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем.


Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.


Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.


Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.


Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва ҳизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,


Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,


Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.


Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —


Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоиши Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;


Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,


Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;


Валекин ту суҳанонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ.


Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,


Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро.


Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan