Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Ҳар чизе, ки Худо офаридааст, хуб аст ва онро набояд рад кунем, балки бо миннатдорӣ қабул кунем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:4
15 Iomraidhean Croise  

Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.


Бори дигар хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон».


Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».


Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд».


Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он наҷис аст.


Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.


Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.


Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.


Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;


Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст.


Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорӣ мекунам, мазаммат намоянд?


Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист.


Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan