Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Ҳамин устодони дурӯғгӯй никоҳи зану мардро манъ мекунанд ва хӯрдани ин ё он хӯрокро иҷозат намедиҳанд. Лекин хӯрокро Худо офаридааст, то ки имондороне, ки ҳақиқатро мешиносанд, онро бо шукргузорӣ хӯранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:3
30 Iomraidhean Croise  

Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.


Ҳамчунин ҳар одаме ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк бахшидааст ва ба ӯ ихтиёр додааст, ки аз он бихӯрад ва насибаи худро гирифта, аз меҳнати худ шодӣ кунад, — ин атои Худост.


Ва ӯ худои падарони худро нахоҳад шинохт, ва худои дилхоҳи занон ва ҳеҷ як худоро писанд нахоҳад кард, зеро ки худро аз ҳама бузургтар хоҳад донист.


Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд.


На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».


Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.


Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.


Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд;


Бо ин суханон нонро гирифта, дар ҳузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан шурӯъ намуд.


Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.


Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, маҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.


Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.


Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.


Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхӯрӣ мекунам.


Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.


Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:


Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.


Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.


Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,


Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад:


Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.


Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.


Ҳамин ки ба шаҳр даромадед, пеш аз он ки ӯ барои хӯрок хӯрдан ба баландӣ барояд, ӯро биёбед, зеро ки қавм то омадани ӯ хӯрок намехӯранд, чунки ӯ қурбониро баракат медиҳад, ва баъд аз он даъватшудагон хӯрок мехӯранд; ва алҳол бароед, зеро ки ҳоло ӯро метавонед биёбед».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan