Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Чунин таълимотро дурӯғгӯёни дурӯя паҳн мекунанд, ки виҷдонашонро аз даст додаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:2
18 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.


Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.


Муршид ва шариф сар аст; вале набие ки муаллими дурӯғҳост, дум мебошад.


Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам: онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд, ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд, бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд; ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм, ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».


То ба кай ин дар дили анбиёе ки бардурӯғ нубувват мекунанд ва анбиёи фиреби дили худ мебошанд, хоҳад буд,


Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ҳастам, ки дар асоси хобҳои дурӯғ нубувват мекунанд, ва он хобҳоро нақл намуда, қавми Маро бо дурӯғгӯиҳо ва бемулоҳизагии худ дар иштибоҳ меандозанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам ва амр нафармудаам, ва онҳо ба ин қавм ҳеҷ манфиате нахоҳанд расонид, — мегӯяд Худованд.


Инро бишнавед, эй қавми нодон ва бефаҳм, ки чашм доред, вале намебинед, гӯш доред, вале намешунавед!


Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.


Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд:


Аз миёни ҳудатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.


Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,


Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.


То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад,


Онҳо то ба дараҷаи лоуболӣ расида, ба фисқу фуҷур моил шудаанд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоваранд.


Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.


Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan