Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Барои он ки худро дар худотарсӣ инкишоф диҳем, мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, зеро ба Худои зинда умед бастаем. Ӯ Наҷотдиҳандаи тамоми одамон, хусусан имондорон аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:10
40 Iomraidhean Croise  

Дилам қавист, эй Худо; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид; рӯҳам низ.


Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун.


Ва адолати туро мисли нур, ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.


Ростӣ аз замин хоҳад сабзид, ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.


Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».


Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад? Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда, рӯшноӣ надошта бошад, бигзор ба исми Худованд таваккал намояд ва ба Худои худ такья кунад.


Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва Худованд пушту паноҳи ӯст;


Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро наҷот додааст, ки онҳо ба Ӯ таваккал доштанд, ва ба фармони подшоҳ муқобилият намуданд, ва баданҳои худро нисор карданд, то ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон, ибодат ва саҷда нанамоянд.


Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.


Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».


Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: „Ман Писари Худо ҳастам“».


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Ва ба он зан гуфтанд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст, яъне Масеҳ аст».


Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.


Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.


Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,


Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,


Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.


Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,


Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.


Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;


Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.


Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;


Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.


Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.


Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan