Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Рӯҳи Худо аниқ мегӯяд, ки дар замони охир баъзеҳо имонашонро тарк мекунанд ва рӯҳҳои фиребгару таълимоти шайтониро гӯш карда, ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 4:1
64 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».


Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.


Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.


То ба кай ин дар дили анбиёе ки бардурӯғ нубувват мекунанд ва анбиёи фиреби дили худ мебошанд, хоҳад буд,


Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». — Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост.


Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд».


Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Ва омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст».


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Ва дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд, ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.


Ва алҳол, инак, ман назди қавми худ меравам; биё, ман туро огоҳ намоям, ки ин қавм ба қавми ту чиҳо хоҳанд кард».


Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад.


Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:


Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод.


Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».


Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ӯ мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигӯяд?»; дигарҳо мегуфтанд: «Зоҳиран, ӯ худоҳои бегонаро мавъиза мекунад»; зеро ки ӯ ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод.


Ҷуз ин ки Рӯҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва уқубатҳо барои ман муҳайёст.


Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро бо он баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд».


Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набӣ ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:


Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.


Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.


Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.


Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.


Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.


Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд ва чигунагии оқибати худро мефаҳмиданд:


Вақте ки ба тангӣ афтӣ, ва тамоми ин ҳодисот ба сарат ояд, дар охири айём, сӯи Худованд Худои худ баргашта, ба овози Ӯ гӯш хоҳӣ дод,


Касе шуморо ба воситаи хоксорӣ ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли чисмонии худ беҳуда меболад.


Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.


Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард.


Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;


Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,


Аммо дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст.


Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро мешиносем.


Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.


Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.


Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.


Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.


Ва ӯ бо овози қавӣ нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид! Фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рӯҳи палид ва паноҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз шароби пурғазаби зинокории вай нӯшиданд,


Ва рӯшноии чароғ дар ту дигар пайдо нахоҳад шуд, ва овози домод ва арӯс дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рӯи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд.


Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид“».


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихӯрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст“».


„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».


„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихӯрад“».


Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.


Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.


„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».


Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan