Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 3:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Сардори ҷамоати имондорон шахси нав имоноварда набошад. Чунин шахс метавонад ҳавобаландӣ карда, ба мисли шайтон ҷазо гирад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 3:6
24 Iomraidhean Croise  

Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона


Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.


Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,


Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам.


Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.


Ва ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ.


Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —


Ғурури одам варо хор мекунад, вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.


Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.


Валекин Ҳизқиё мувофиқи марҳамате ки ба ӯ ато шуда буд, рафтор накард, зеро ки дили ӯ мағрур гардид, ва ғазабе бар ӯ ва бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад.


Ва ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то ба дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардида, ба Худованд Худои худ хиёнат қард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад.


Ту Адӯмро шикаст додӣ, ва дилат мағрур шудааст. Пас, иззати худро нигоҳ дошта, дар хонаи худ бимон. Чаро ту бадбахтиро иғво медиҳӣ, то ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»


Бе он ки дили вай бар бародарони вай мағрур гардад, ва бе он ки вай аз ин амр ба тарафи рост ё чап майл кунад, то ки вай ва писаронаш айёми зиёде бар мамлакати худ қоим бошанд.


Ва дили ту мағрур шуда, Худованд Худои худро фаромӯш кунӣ, ки Ӯ туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард,


Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт;


Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд;


Ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд,


Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам;


Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.


Ва ҳангоме ки ин лашкар барбод равад, дили ӯ мағрур хоҳад шуд, ва ҳарчанд ӯ беварҳоро талаф намояд, ғолиб нахоҳад шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan