Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 3:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Хонаводаашро хуб идора кунад ва фарзандонашро чунон тарбият намояд, ки ба ӯ бо эҳтиром итоат кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 3:4
10 Iomraidhean Croise  

Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».


Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва ҳудотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.


Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.


Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, — дар бораи онҳо фикр кунед.


Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд;


Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фисқу фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд.


Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;


Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,


Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan