Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 3:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 На моили шаробнӯшӣ, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Майпараст, ҷангара ва пулпараст набошад, балки нармдил ва марди сулҳҷӯ бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 3:3
45 Iomraidhean Croise  

Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад: он чиз ҷони тасарруфкунандаи худро мегирад.


Ҳаромризқ хонаи худро вайрон мекунад, вале касе ки аз инъомҳо нафрат дорад, зист мекунад.


Оқибати кор беҳ аз оғози он; собир беҳ аз ҳавобаланд.


Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!


Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд; коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд, аз шароб саргаранг шудаанд, аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд, дар рӯъё хато кардаанд, дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.


«Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, ва аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.


Бинобар ин занони онҳоро ба дигарон хоҳам дод, киштзорҳои онҳоро — ба ворисони ғайр; зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.


Ва ҳеҷ як коҳин, вақте ки ба саҳни дохилӣ медарояд, набояд шароб нӯшад.


«Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо,


Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.


Сарваронаш ба бадали ришва доварӣ менамоянд, ва коҳинонаш ба бадали музд таълим медиҳанд, ва анбиёяш ба бадали нуқра фол мегиранд, ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд: «Худованд, охир, андаруни мост, — мусибате бар мо нахоҳад омад!»


Худованд дар бораи анбиёе ки қавми маро дар иштибоҳ меандозанд, яъне вақте ки бо дандонҳои худ чизе мехоянд, — сулҳу осоиштагиро мехонанд, вале вақте ки касе ба даҳони онҳо чизе намегузорад, — бар зидди вай ҷанг эълон мекунанд, чунин мегӯяд:


Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.


Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд“; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».


Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:


Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.


Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,


Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.


Лозим аст, ки дьяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор,


Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,


Даҳонашон бояд баста шавад: онҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.


Зеро ки усқуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бошад, на ҳудписанд, на хашмгин, на бадмаст, на муштзӯр, на тамаъкор,


Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,


Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.


Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,


Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?


Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,


Ва аз рӯи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.


Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.


Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.


Вале писарони ӯ бо роҳи ӯ рафтор нанамуданд, балки ба тамаъ моил гардида, ришва мехӯрданд ва дар доварӣ каҷкорӣ мекарданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan