Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 2:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Занон бошанд, худро на бо тиллову марворид, балки бо шарму ҳаё ва некандешӣ оро диҳанд. На бо мӯйбофӣ ва пироҳани пурқимат,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 2:9
20 Iomraidhean Croise  

Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.


Ва Еҳу ба Изреъил омад. Ва Изобал инро шунида, ба чашмонаш сурма кашид, ва сари худро зинат дода, аз тиреза нигарист.


Дар рӯзи сеюм Эстер либоси хисравона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти хисравии худ дар дарбори хисравӣ рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд.


Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.


Барои худ қолинҳо мебофад; катон ва арғувон пероҳани вай аст.


Қувват ва шавкат пероҳани вай аст, ва оид ба рӯзи оянда вай механдад.


Ва инак, зане аз пеши ӯ баромад, бо либоси фоҳиша ва бо дили пурфиреб,


Ва Худованд гуфт: «Азбаски духтарони Сион мағрур шудаанд, ва гардан барафрохта роҳ мераванд, ва бо ғамзаҳои чашм ба васваса меандозанд, бо ишваю ноз мехироманд, ва зангӯлачаҳои халхолҳоро бар пойҳошон ҷарангос мезанонанд,


Ва онҳо вайронаҳои бостониро бино хоҳанд кард, харобаҳои қадимро барпо хоҳанд намуд, ва шаҳрҳои вайронаро, ки аз даврҳои пешина харобазор шуда мондааст, аз нав барқарор хоҳанд кард.


Оё бокира зевари худро, ва арӯс тасмаи ороиши худро фаромӯш мекунад? Вале қавми Ман рӯзҳои бешуморе Маро фаромӯш карданд.


Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.


Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.


Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan