Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Зеро чунин дуоҳо хубанд ва ба Худо Наҷотдиҳандаи мо писанд меоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 2:3
16 Iomraidhean Croise  

Бигӯед, ва пешниҳод кунед, ва бо ҳам машварат намоед: кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда, аз он замон пешакӣ гуфтааст? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам? Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест.


Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,


Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.


Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост.


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,


Ва боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;


Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,


Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.


Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.


Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,


Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.


Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.


Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan