Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Ман пеш аз ҳама шуморо даъват мекунам, ки барои тамоми одамон дуо ва шукргузорӣ кунед. Аз Худо талаб намоед, ки ба онҳо ёрӣ диҳад ва худатон низ дар пеши Ӯ тарафи онҳоро гиред.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 2:1
26 Iomraidhean Croise  

То ки онҳо ҳадияҳои хушбӯй барои Худои осмон қурбонӣ намоянд ва барои ҳаёти подшоҳ ва писаронаш дуо гӯянд.


Чӣ гуна дар як мижа задан онҳо хонавайрон гардидаанд ва ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано шудаанд!


Ва осоиштагии он шаҳрро, ки Ман шуморо ба он ҷо ба асирӣ фиристодаам, биталабед, ва барои он пеши Худованд дуо гӯед, зеро ки дар осоиштагии он барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд.


Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;


Пеш аз ҳама ба Худои ҳуд ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст;


Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.


Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд,


Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр ин кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад.


Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.


Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед,


Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,


Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям,


Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, —


Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,


Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,


Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.


Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,


Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад,


Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,


Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.


Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад;


Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan