Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Ман ба ту, ки фарзанди ҳақиқиам дар имон ҳастӣ, файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 1:2
18 Iomraidhean Croise  

Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.


Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,


Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва ҳизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,


Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, —


Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,


Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,


Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.


Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош.


Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.


Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;


Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.


Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.


Файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростӣ ва муҳаббат бо шумо бод.


Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.


Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan