Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 лекин Худо раҳми маро хӯрд. Ӯ ин корро ба он хотир кард, ки Исои Масеҳ ба воситаи ман, ки гунаҳкори бадтарин будам, сабру тоқати зиёдашро нишон диҳад ва дар намунаи ман дигарон ба Ӯ имон оварда, ҳаёти абадӣ ёбанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 1:16
37 Iomraidhean Croise  

Ва дуои ӯ, ва мустаҷоб шуданаш; ва тамоми гуноҳ ва хиёнаташ; ва ҷойҳое ки ӯ дар онҳо баландиҳо бино карда, Ашераҳо ва санамҳоро гузошта буд, пеш аз он ки гардан фуроварад, — ҳамааш дар навиштаҷоти Ҳӯзой тасвир ёфтааст.


Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам; маро раҳоӣ деҳ ва ба ман марҳамат намо.


Ва Мусо шитобон то ба замин хам шуда, саҷда бурд,


«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.


Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.


Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».


Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».


Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вай омурзида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст».


Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.


Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».


Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.


Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.


Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».


Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;


а аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд.


Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.


Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.


Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шаҳсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам.


Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;


То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.


Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.


То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.


Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.


Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;


Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.


Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.


Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ ато шудааст, ба шумо навиштааст,


Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan