Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Ин таълимоти дуруст мувофиқи хушхабари Худост. Худои бузургу сазовори ситоиш ин хушхабарро ба ман супоридааст, то ки ба дигарон эълон кунам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 1:11
25 Iomraidhean Croise  

Ту шинухези маро медонӣ; андешаҳои маро аз дур мефаҳмӣ.


«Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».


Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.


Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.


Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.


Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.


Балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус, —


То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.


Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.


То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.


То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,


Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,


Балки, чӣ тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.


Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, — дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ не.


Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод,


Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,


Ки барои он ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо таъин шудаам.


Он амонати некро ба воситаи Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.


Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд.


Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст, —


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan