Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




1 Тимотиюс* 1:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Инчунин шариат гунаҳкорони ҷинсӣ, ҳамҷинсгароён, одамдуздон, дурӯғгӯён ва аҳдшиканонро ҳукм мекунад. Хулоса, касе ки бар зидди таълимоти дуруст мебарояд, аз рӯйи шариат ҷазо мебинад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




1 Тимотиюс* 1:10
34 Iomraidhean Croise  

Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».


Биёед, ӯро ба исмоилиён бифрӯшем, ва дасти мо бар ӯ набошад; зеро ки ӯ бародар ва гӯшти мост». Бародаронаш гапи ӯро гӯш карданд.


Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».


Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.


Ва ҳар кӣ касеро дуздида бифрӯшад, ё ӯ дар дасташ ёфт шавад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.


Сухан мегӯянд, қасамҳои дурӯғ ёд мекунанд, аҳд мебанданд; ва доварӣ мисли гиёҳи заҳрдор бар огардҳои саҳро гул мекунад.


Ва бо мард мисли зан ҷимоъ накун; ин кори зишт аст.


Ва касе ки бо марде бихобад, мисли он ки бо зан мехобанд, — ҳар дуяшон кори зиште кардаанд; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.


Ман онро берун овардам, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва он ба хонаи дузд ва ба хонаи касе ки ба исми Ман қасами дурӯғ мехӯрад, дохил хоҳад шуд, ва андаруни хонаи вай ҷойгир шуда, сабаби хонавайронӣ хоҳад гардид, ҳам чӯбҳояш ва ҳам сангҳояшро нобуд хоҳад кард».


Ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед, ва қасами дурӯғро дӯст надоред; зеро ки Ман аз ҳамаи ин корҳо нафрат дорам, мегӯяд Худованд».


Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.


Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;


Агар шахсе ёфт шавад, ки аз бародарони худ, яъне аз банӣ‐Исроил, ягон касро дуздидааст, ва ба вай сахтгирӣ карда, варо фурӯхтааст, — бигзор он дузд ба қатл расонида шавад. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.


Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.


Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —


Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.


Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;


Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд,


Ӯ бояд ба каломи ҳақиқӣ, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад.


Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.


Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.


Ва дорчин, ва бухур, ва равғани атрафшон, ва лодан, ва шароб, ва равғани зайтун, ва орд, ва гандум, ва чорво, ва гӯсфандон, ва аспҳо, ва аробаҳо, ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ.


Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.


Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».


Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, — берун аз он хоҳанд буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan