Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Румиён* 16 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм


Павлус ба дӯстони худ салом мефиристад

1 Мехоҳам ба шумо хоҳарамон Фибиро, ки дар ҷамоати имондорони шаҳри Канхария хизмат мекунад, муаррифӣ кунам.

2 Ӯро, чунон ки ба имондорон хос аст, ба хотири Худованд қабул кунед ва агар ба ӯ чизе лозим бошад, ёрӣ диҳед. Зеро худаш ҳам ба бисёриҳо ва ба ман низ ёрӣ додааст.

3 Ба Прискила ва Акило, ки дар хизмати Исои Масеҳ ҳамкорони ман ҳастанд, салом расонед.

4 Онҳо ба хотири ман ҷони худро дар хатар гузошта буданд. На танҳо ман, балки тамоми ҷамоатҳои имондорони ғайрияҳудӣ аз онҳо миннатдоранд.

5 Инчунин ба аҳли ҷамоати хонагии онҳо саломи маро расонед. Ба дӯсти азизам – Апайнитус, ки якумин шуда дар вилояти Осиё ба Масеҳ имон овард, салом расонед.

6 Инчунин ба Марям, ки барои шумо хеле заҳмат кашидааст, салом гӯед.

7 Ба ҳамватанонам – Андрониқос ва Юния, ки ҳамроҳи ман дар зиндон буданд, салом расонед. Онҳо дар байни фиристодагони Масеҳ хеле машҳуранд ва пеш аз ман ба Масеҳ имон оварда буданд.

8 Ба Амплиёс, ки дар Худованд дӯсти азизи ман аст, салом гӯед.

9 Ҳамчунин ба Урбонус, ки дар хизмати Масеҳ ҳамкори мост ва ба дӯсти азизам – Истохис салом расонед.

10 Ба Апиллис, ки ба Масеҳ вафодор буданашро исбот кардааст, салом расонед. Ба тамоми хонаводаи Аристобулус салом гӯед.

11 Ба ҳамватанам – Ҳиродиюн салом гӯед. Инчунин ба онҳое, ки дар хонаводаи Наркисус ба Худованд имон доранд, салом расонед.

12 Ба Трифайно ва Трифусо, ки барои Худованд фаъолона хизмат мекунанд ва ба Парсиси азиз, ки барои Худованд хеле меҳнат кардааст, салом расонед.

13 Ба Руфус, ки интихобшудаи Худованд аст ва ба модараш, ки ҳамчунин модари ман шудааст, салом гӯед.

14 Ҳамчунин ба Асинкритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ҳермис ва ба дигар бародарону хоҳароне, ки бо онҳо ҳастанд, салом расонед.

15 Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нириёсу хоҳараш ва Улимпос ва инчунин ба тамоми имондороне, ки ҳамроҳи онҳоянд, салом гӯед.

16 Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед. Ҳамаи ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.


Насиҳатҳои охирини Павлус

17 Бародарону хоҳарон, хоҳиш мекунам, ки шумо аз он нафароне, ки дар байнатон ҷудоӣ меандозанд ва одамонро аз роҳи имон мезананд, эҳтиёт шавед ва аз онҳо дурӣ ҷӯед. Онҳо бо чунин рафторашон бар зидди таълимоти гирифтаатон мебароянд.

18 Ин одамон на ба Худованди мо – Масеҳ, балки ба ҳавасҳои бади худ хизмат мекунанд. Онҳо хушомадгӯйӣ карда бо суханҳои зебову ширин одамони содадилро фиреб медиҳанд.

19 Аммо вафодории шумо ба ҳама маълум аст ва ман аз ин хеле хурсанд ҳастам. Орзу дорам, ки шумо дар некӣ кардан хирадманд бошед ва дар бадӣ кардан сода бошед.

20 Худо ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ба зудӣ шайтонро дар зери пойҳои шумо шикаст медиҳад. Файзу меҳрубонии Худовандамон Исо бо шумо бод!

21 Ба шумо ҳамкорам – Тимотиюс ва ҳамватанонам – Лукюс, Ёсун ва Сӯсипатрус салом мегӯянд.

22 Ман – Тартиюс низ, ки ин номаро аз забони Павлус навишта истодаам, ҳамчун яке аз пайравони Худованд ба шумо салом мефиристам.

23 Инчунин Ғоюс ба шумо салом мефиристад. Ӯ маро ба хонааш қабул карда, меҳмондорӣ менамояд ва тамоми ҷамоати имондорон низ дар хонаи ӯ ҷамъ мешаванд. Хазинадори шаҳр – Арастус ва бародари мо – Квартус низ ба шумо салом мегӯянд.

24 Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад! Омин.

© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад

Wycliffe Bible Translators, Inc.
Lean sinn:



Sanasan