Матто* 9 - Китоби Муқаддас ОммафаҳмШифо ёфтани марди шал 1 Исо ба қаиқ савор шуда, аз баҳр гузашт ва ба шаҳри Худ баргашт. 2 Ҳамон лаҳза чанд нафар ба наздаш шалеро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шуданд». 3 Дар айни ҳол якчанд устоди шариат аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони куфр мегӯяд». 4 Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ фикри бад мекунед? 5 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“? 6 Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас, ба шал гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав!» 7 Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. 8 Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарс афтода, Худоро, ки ба одамон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд. Даъват шудани Матто 9 Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, Матто ном мардеро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд. 10 Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. 11 Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» 12 Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. 13 Рафта фаҳмед, ки ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукоронро, балки гунаҳкоронро даъват намоям». Савол дар бораи рӯзадорӣ 14 Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза медорему шогирдони Ту не?» 15 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. 16 Охир ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ямоқ ё поргӣ ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад. 17 Инчунин шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезанд, чунки аз туруш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на халта». Шифо ёфтани зан ва зиндашавии духтар 18 Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки сардоре омада ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Духтари ман ҳозир вафот кард, аммо агар омада ба вай даст гузорӣ, вай зинда мешавад». 19 Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт. 20-21 Зане, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. 22 Исо ба қафо рӯй гардонда занро дида, гуфт: «Эй духтарам, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон лаҳза зан шифо ёфт. 23 Баъд Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми гирёнро дида, 24 гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, ба гапи Исо хандиданд. 25 Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. 26 Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт. Шифо ёфтани ду марди нобино 27 Ҳангоме ки Исо аз он ҷой рафт, ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд заданд: «Эй насли Довуд, ба мо раҳм кун!» 28 Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» – ҷавоб доданд онҳо. 29 Он гоҳ Исо ба чашмони онҳо даст расонда гуфт: «Аз рӯйи имонатон ҳамин тавр шавад» 30 ва чашмони онҳо бино гашт. Исо онҳоро огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе нагӯянд. 31 Аммо онҳо аз он ҷо баромада рафтанду дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ нақл карданд. Шифо ёфтани марди гунг 32 Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд. 33 Лекин вақте ки Исо аз он мард ҷинро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!» 34 Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо ҷинҳоро бо қудрати худи сардори ҷинҳо берун мекунад. Ба мардум раҳм кардани Исо 35 Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ҷамоатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид. 36 Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. 37 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. 38 Аз ин рӯ, аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад». |
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад
Wycliffe Bible Translators, Inc.