Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 9 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, мебинанд, ки Подшоҳии Худо бо тамоми қудрат меояд».


Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо

2 Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланде баромад. Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд.

3 Либоси Ӯ сап-сафеди дурахшон гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯйи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад.

4 Он гоҳ Илёс ва Мусо дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд, ки бо Исо суҳбат мекарданд.

5 Баъд Петрус ба Исо гуфт: «Устод, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс».

6 Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд.

7 Баъд абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст. Ӯро гӯш кунед».

8 Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд.

9 Вақте ки онҳо аз кӯҳ поин мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то зинда шудани Писари Одамизод аз он чи дидаанд, ба касе чизе нагӯянд.

10 Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд.

11 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»

12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Вале Писари Одамизод, чунон ки дар навиштаҷот омадааст, азоб кашида, хору зор мегардад.

13 Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс омадааст ва одамон ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд, чунон ки дар борааш навишта шудааст».


Шифо ёфтани бачаи ҷинзада

14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз устодони шариат бо онҳо баҳсу мунозира доранд.

15 Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.

16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?»

17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Ту овардам. Ӯ гап зада наметавонад, чунки гирифтори рӯҳи нопок аст.

18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро ҳамла мекунад, ӯро бар замин мезанад. Даҳони писарам кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Ту хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».

19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».

20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯйи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.

21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.

22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Илтимос, агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва мадад намо».

23 Исо ба мард гуфт: «Чаро „Агар тавонӣ“ мегӯйӣ? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».

24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ деҳ, ки имонам қавитар гардад».

25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок фармон дод: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»

26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.

27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.

28 Баъдтар вақте ки Исо ба хона даромад, шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»

29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».


Пешгӯйии дуюми Исо дар бораи марги Худ

30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад,

31 чунки Ӯ шогирдонро таълим дода мегуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Ӯ зинда мегардад».

32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.


Кӣ аз ҳама бузургтар аст?

33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдон пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»

34 Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.

35 Пас Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад аввалин бошад, бояд охирин ва дар хизмати ҳама бошад».

36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта гуфт:

37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».


Касе, ки бар зидди мо нест, тарафдори мост

38 Сипас, Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, вале азбаски моро пайравӣ намекард, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».

39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман муъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд.

40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.

41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, бе мукофот нахоҳад монд.


Он чизе, ки моро ба гуноҳ кардан водор месозад

42 Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд.

43-44 Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду даст дошта бошию ба оташи хомӯшнашавандаи дӯзах афтӣ, беҳтар аст, ки бе як даст соҳиби ҳаёт шавӣ.

45-46 Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду пой дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ, беҳтар ки бе як пой соҳиби ҳаёт шавӣ.

47 Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки бо ду чашм ба дӯзах партофта шавӣ,

48 „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“.

49 Ҳар кас бо оташ намакин мешавад.

50 Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».

© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад

Wycliffe Bible Translators, Inc.
Lean sinn:



Sanasan