Марқӯс* 6 - Китоби Муқаддас ОммафаҳмАз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш 1 Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Худ баргашт. 2 Рӯзи шанбе Ӯ дар ҷамоатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида, чунин мегуфтанд: «Ин фикрҳо дар сари вай аз куҷо пайдо мешаванд? Ин чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ дода шудааст? Чӣ гуна Ӯ чунин муъҷизаҳои бузург мекунад? 3 Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъун ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. 4 Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар шаҳри худ, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». 5 Ӯ дар он шаҳр танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод ва ба ғайр аз ин ҳеҷ муъҷизае нишон дода натавонист. 6 Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. Фиристодани дувоздаҳ шогирд 7 Вай дувоздаҳ шогирдашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. 8-9 Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзори одӣ бипӯшед. 10 Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар ҳамон хона бимонед ва онро иваз накунед. 11 Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, он ҷойро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад». 12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда, ба Худованд рӯй оваранд. 13 Онҳо ҷинҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд. Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда 14 Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шуҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад. 15 Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст. 16 Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ зинда шудааст». 17-18 Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд. 19 Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ мехост Яҳёро ба қатл расонад, лекин ин корро карда наметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онро гӯш кардан барояш маъқул буд. 21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми обрӯманди вилояти Ҷалилро даъват намуд. 22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам. 23 Ман қасам мехӯрам, ки ҳар чи пурсӣ медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро». 24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун». 25 Духтар зуд назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед». 26 Шоҳ хеле ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27 Бино бар ин, шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду 28 рӯйи табақ гузошта, ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод. 29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд. Сер кардани панҷ ҳазор кас 30 Фиристодагон ба назди Исо баргашта тамоми корҳоеро, ки карданд ва чизҳоеро, ки ба мардум таълим доданд, нақл карданд. 31 Рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд. Аз ин рӯ Исо ба онҳо гуфт: «Акнун ба ягон ҷойи беодам рафта, каме истироҳат кунем». 32 Пас ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷойи беодаме рафтанд. 33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар шаҳр пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. 34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон буданд ва ба онҳо бисёр чизҳоро таълим дод. 35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷойи беодам аст, вақт ҳам дер шуд. 36 Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ хӯрдание бихаранд». 37 Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри Ту мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?» 38 Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст». 39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯйи сабзазор шинонанд. 40 Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. 41 Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳамчунин ду моҳиро байни мардум тақсим кард. 42 Ҳама то сер шудан хӯрданд ва 43 сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда пур карданд. 44 Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор буд. Дар рӯйи об қадам задани Исо 45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба сӯйи шаҳри Байт-Сайдо раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад. 46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад. 47 Бегоҳирӯзӣ қаиқ ба миёни баҳр расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. 48 Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди сахте, ки мухолифи онҳо мевазид, шино мекунанд. Барои ҳамин ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, 49 вале шогирдон дар рӯйи об қадам задани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст. Онҳо фарёд заданд, 50 чунки ҳамаашон Ӯро дида тарсиданд, вале Исо зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам». 51 Баъд ба қаиқ савор шуд ва шамол аз вазидан бозмонд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, 52 чунки аз сабаби кундфаҳмӣ ва саркашиашон ҳанӯз муъҷизаи нонро нафаҳмиданд. Шифо ёфтани беморон 53 Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. 54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд, одамон Исоро шинохтанд. 55 Онҳо зуд ба тамоми гирду атрофи он сарзамин рафта, беморонро бо ҷогаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. 56 Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. |
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад
Wycliffe Bible Translators, Inc.