Марқӯс* 11 - Китоби Муқаддас ОммафаҳмБа Уршалим бо тантана ворид шудани Исо 1 Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода, 2 ба онҳо гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. 3 Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад». 4 Он ду шогирд рафта, хареро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд, 5 баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харро мекушоед?» 6 Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд. 7 Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои хар партофтанд ва Исо ба он савор шуд. 8 Бисёр одамон ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд. 9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! 10 Муборак бошад Подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки он наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» 11 Ҳамин тавр, Исо ба Уршалим омада, ба маъбади Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди Худ ба деҳаи Байт-Анё равона шуд. Лаънат кардани дарахти анҷир 12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Анё мерафтанд, Исо гурусна монд. 13 Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. 14 Ӯ ба дарахт гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Шогирдонаш инро шуниданд. Пок кардани маъбади Худо 15 Ҳангоме ки ба Уршалим даромаданд, Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. 16 Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни маъбади Худо гузаронад. 17 Сипас, мардумро таълим дода гуфт: «Оё дар навиштаҷот наомадааст, ки „хонаи Ман хонаи дуо барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед». 18 Чун коҳинони калон ва устодони шариат ин суханонро шуниданд, нақшаи куштани Исоро кашиданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд. 19 Ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт. Дарахти хушкидаи анҷир 20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ диданд, ки ҳамон дарахти анҷир аз решааш хушк шудааст. 21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кун! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардӣ, хушк шудааст!» 22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархеста худро ба баҳр парто“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш иҷро мешавад. 24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чи дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. 25-26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе ранҷида бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонии шумо низ гуноҳҳоятонро бахшида тавонад». Савол дар бораи ҳуқуқи Исо 27 Онҳо боз ба Уршалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни маъбади Худо рафтуо мекард, коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм наздаш омада 28 пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?» 29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо як саволе дорам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. 30 Ба Ман бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» 31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар гӯем, ки „Худо дода буд“, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“ 32 Агар гӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум ба пайғамбар будани Яҳё имон доштанд). 33 Оқибат онҳо ба Исо «намедонем» гуфта, ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». |
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад
Wycliffe Bible Translators, Inc.