Марқӯс* 10 - Китоби Муқаддас ОммафаҳмДар бораи талоқ 1 Исо он ҷоро монда, ба сӯйи сарзамини Яҳудия ва тарафи дигари дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯйи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард. 2 Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?» 3 Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мусо дар ин бора чӣ фармудааст?» 4 Ҷавоб доданд: «Мусо иҷозат додааст, ки мард талоқнома навишта, аз занаш ҷудо шавад». 5 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. 6 Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“. 7-8 „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. 9 Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст». 10 Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. 11 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, зино мекунад. 12 Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, зинокор аст». Исо ва кӯдакон 13 Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, барояшон дуо кунад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд. 14 Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд. 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд». 16 Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва болои сарашон даст гузошта, барояшон дуо кард. Марди сарватманд 17 Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада, дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» 18 Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест. 19 Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“». 20 Мард ҷавоб дод: «Эй Устод! Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам». 21 Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ дар осмон сарват пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». 22 Вале он ҷавон аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуд ва андӯҳгин гашта аз он ҷо рафт, чунки хеле сарватманд буд. 23 Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони бой бениҳоят душвор аст». 24 Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба Подшоҳии Худо даромадан бениҳоят душвор аст. 25 Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он, ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд». 26 Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27 Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале на барои Худо, барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». 28 Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем». 29 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, 30 ҳоло дар вақти ҳозира сад маротиба зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва дар баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. 31 Лекин бисёр аввалинҳо охирин мешаванд ва охиринҳо аввалин». Пешгӯйии сеюмини Исо дар бораи марги Худ 32 Онҳо дар роҳи Уршалим буданд ва Исо пешопеши онҳо мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки Ӯро чӣ интизор аст. 33 Ӯ гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. 34 Ғайрияҳудиён Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва қамчинкорӣ карда, ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз зинда мешавад». Хоҳиши Яъқуб ва Юҳанно 35 Яъқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунӣ». 36 Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» 37 Гуфтанд: «Вақте ки Ту бо шуҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунӣ, иҷозат деҳ, якеамон аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ту бишинем». 38 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?» 39 Ҷавоб доданд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. 40 Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъйин кардааст». 41 Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз Яъқубу Юҳанно ба ғазаб омаданд. 42 Пас Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. 43 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад 44 ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад. 45 Ҳатто Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам». Шифо ёфтани нобино 46 Баъд онҳо ба шаҳри Ариҳо омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид. 47 Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!» 48 Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!» 49 Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад». 50 Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. 51 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам чашмонам бино шавад». 52 Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ аз паси Исо рафт. |
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад
Wycliffe Bible Translators, Inc.