Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Марқӯс* 1 - Китоби Муқаддас Оммафаҳм


Насиҳати Яҳёи Таъмиддиҳанда

1 Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад:

2 Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд: «Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад.

3 Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“»

4 Ин шахс Яҳё буд, ки ӯро Таъмиддиҳанда меномиданд. Ӯ ба биёбон омада, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад.

5 Мардуми тамоми сарзамини Яҳудия ва аҳолии шаҳри Уршалим назди Яҳё меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.

6 Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.

7 Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Баъд аз ман Тавонотаре меояд, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзори Ӯ нестам.

8 Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо таъмид хоҳад дод».


Таъмиди Исо

9 Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар вилояти Ҷалил буд, ба назди Яҳё омад ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод.

10 Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳулқудс ба сурати кабӯтаре пойин фаромада, дар болои Вай қарор гирифт.

11 Сипас, аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам».

12 Рӯҳулқудс дарҳол Исоро ба биёбон бурд.

13 Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва шайтон Ӯро меозмуд. Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.


Оғози хизмати Исо

14 Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба вилояти Ҷалил омад ва хушхабари Худоро ба мардум эълон мекард.

15 Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва Подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед ва ба хушхабар имон оваред».

16 Рӯзе ҳангоме ки Исо аз назди баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун ва номи дигаре Андриёс буд.

17 Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ, ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».

18 Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд.

19 Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Яъқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд.

20 Исо дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.


Шифо ёфтани марди ҷинзада

21 Сипас, онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат ба ҷамоатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд.

22 Мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод.

23 Айнан ҳамон вақт дар ҷамоатхона марде, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, фарёд зада гуфт:

24 «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!»

25 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро».

26 Рӯҳи нопок мардро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд.

27 Ҳама ба ҳайрат афтоданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ таълимоти нав ва боқудратест? Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо ба Вай итоат мекунанд!»

28 Овозаи Исо зуд дар тамоми вилояти Ҷалил паҳн шуд.


Шифо ёфтани бисёр одамон

29 Ҳамин ки Исо аз ҷамоатхона баромад, бо ҳамроҳии Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъуну Андриёс рафт.

30 Вақте ки ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд гуфтанд, ки хушдомани Шимъун бо таби баланд дар бистар хобидааст.

31 Вай назди зан омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби зан паст шуд ва ӯ ба меҳмоннавозии онҳо машғул шуд.

32 Он бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб одамон ҳамаи беморону ҷинзадагонро ба назди Исо оварданд.

33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд.

34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод ва бисёр ҷинҳоро аз даруни одамон берун кард, аммо ба ҷинҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.


Дуои Исо дар ҷойи беодам

35 Саҳарии барвақт, вақте ҳанӯз торик буд, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафта, дуо кард.

36 Шимъун ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд.

37 Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Туро мекобанд».

38 Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки Ман барои иҷрои ҳамин кор омадаам».

39 Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори вилояти Ҷалил сафар карда, дар ҷамоатхонаҳо хушхабарро эълон мекард ва ҷинҳоро аз одамон берун меронд.


Покшавии марде, ки бемории пӯст дошт

40 Рӯзе ба назди Исо марде, ки бемории пӯст дошт, омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».

41 Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!»

42 Дарҳол бемории мард нест шуда, баданаш пок гашт.

43 Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон

44 гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».

45 Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.

© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад

Wycliffe Bible Translators, Inc.
Lean sinn:



Sanasan