Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Закариё 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ На рӯзадорӣ, балки марҳамат барои Худованд мақбул аст.

1 Ва дар соли чоруми подшоҳ Дорьёвеш чунии воқеъ шуд, ки каломи Худованд дар рӯзи чоруми моҳи нӯҳум, ки моҳи кислев бошад, бар Закариё нозил шуд,

2 Вақте ки сокинони Байт‐Ил, Саресар ва Раҷам‐Малик одамони худро фиристода буданд, то ки ба ҳузури Худованд тазаррӯъ намоянд,

3 Ва ба коҳиноне ки дар хонаи Худованди лашкарҳо буданд, ва ба анбиё сухан ронда, бипурсанд: «Оё ман дар моҳи панҷум бигирьям ва рӯзадорӣ кунам, чунон ки чандин сол ин тавр кардаам?»

4 Ва каломи Худованди лашкарҳо бар ман нозил шуда, гуфт:

5 «Ба тамоми қавми ин замин ва ба коҳинон бигӯй: „вақте ки шумо, дар давоми ин ҳафтод сол, дар моҳи панҷум ва моҳи ҳафтум рӯза доштед ва навҳа кардед, оё барои Ман рӯза доштед?

6 Ва ҳангоме ки шумо мехӯрдед, ва ҳангоме ки шумо менӯшидед, оё барои худатон намехӯрдед ва оё барои худатон наменӯшидед?“»

7 Оё аз он суханон бехабаред, ки Худованд ба воситаи анбиёи пешина эълон карда буд, вақте ки Ерусалим маскун ва дар амният буд, ва шаҳрҳояш гирдогирди он; ва Наҷаб ва Шефило низ маскун буд?

8 Ва каломи Худованд бар Закариё нозил шуда, гуфт:

9 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз рӯи адлу инсоф доварӣ кунед, ва ба якдигар эҳсон ва марҳамат зоҳир намоед;

10 Ва бева ва ятим, ва ғариб ва бенаворо ба танг наоваред, ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед».

11 Вале онҳо аз гӯш додан рӯ тофтанд, ва саркашӣ карданд, ва гӯшҳои худро кар карданд, то ки нашнаванд.

12 Ва дили худро мисли алмос сахт карданд, то ки шариат ва суханонеро, ки Худованди лашкарҳо бо рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи пешина фиристода буд, нашнаванд; аз ин рӯ хашми бузурге аз ҷониби Худованди лашкарҳо ба амал омад.

13 Ва чунин воқеъ шуд: «Вақте ки Ӯ даъват менамуд, онҳо намешуниданд; ончунон, вақте ки онҳо даъват менамуданд, Ман намешунидам», мегӯяд Худованди лашкарҳо,

14 «Ва Ман онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки намешинохтанд, пароканда кардам, ва ин замин баъд аз онҳо валангор шуд, ба тавре ки роҳгузаре дар он боқӣ намонд, ва онҳо замини дилпазирро ба биёбон табдил доданд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan