Закариё 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Дидани тӯмори паррон ва сабад. 1 Ва боз чашмонамро боло карда, дидам, ва инак тӯмори парроне намоён аст. 2 Ва ӯ ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Ман тӯмори парроне мебинам, ки дарозияш бист зироъ аст, ва бараш даҳ зироъ». 3 Ва ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯи тамоми замин берун меравад, зеро ҳар кӣ дуздӣ мекунад, аз ин тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид, ва ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад, аз он тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид. 4 Ман онро берун овардам, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва он ба хонаи дузд ва ба хонаи касе ки ба исми Ман қасами дурӯғ мехӯрад, дохил хоҳад шуд, ва андаруни хонаи вай ҷойгир шуда, сабаби хонавайронӣ хоҳад гардид, ҳам чӯбҳояш ва ҳам сангҳояшро нобуд хоҳад кард». 5 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, берун омада, ба ман гуфт: «Лутфан, чашмонатро боло карда, бубин, ки он чи берун меояд, чист». 6 Ва ман гуфтам: «Он чист?» Ва ӯ гуфт: «Ин сабадест, ки берун меояд». Ва гуфт: «Ин чашми ҳариси онҳост дар тамоми замин». 7 Ва инак, гулӯлаи қӯрғошимие бардошта шуд, ва инак, як зан андаруни сабад нишастааст. 8 Ва ӯ гуфт: «Ин шарорат аст», ва онро андаруни сабад андохт, ва он санги қӯрғошимиро ба даҳани он гузошт. 9 Ва ман чашмонамро боло карда, дидам, ва инак, ду зан берун меоянд, ва бод дар болҳои онҳост, ва болҳошон мисли болҳои лайлак аст; ва онҳо сабадро бардошта, дар миёни замин ва осмон парвоз карданд. 10 Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, гуфтам: «Онҳо ин сабадро куҷо мебаранд?» 11 Ва ӯ ба ман гуфт: «То ки барои вай дар замини Шинъор хонае бино кунанд, ва ҳамин ки он тайёр шавад, вай дар он ҷо бар пояи худ гузошта хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden