Закариё 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Дидани чароғдони тилло ва ду дарахти зайтун. Таъбири он. 1 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, баргашт, ва маро бедор кард, мисли касе ки аз хобаш бедор мешавад. 2 Ва ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Мебинам, инак чароғдоне ки сар то сараш аз тиллост, ва равғандонаш бар сараш, ва ҳафт чароғаш бар он аст, ва ҳар чароғ, ки бар сараш мебошад, ҳафт нойча дорад. 3 Ва ду дарахти зайтун назди он аст, — яке аз тарафи рости равғандон ва дигаре аз тарафи чапаш». 4 Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, ҷавоб гардонда, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?» 5 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям». 6 Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо. 7 Ту чистӣ, эй кӯҳи бузург? Ба ҳузури Зарубобил ту ҳамворие ҳастӣ, ва ӯ санги сари онро берун хоҳад овард, дар сурате ки нидоҳои хурсандӣ шунида хоҳад шуд: „Шукӯҳу шавкат бар он бод!“» 8 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: 9 «Дастҳои Зарубобил буньёди ин хонаро ниҳодааст, ва дастҳои ӯ онро анҷом хоҳад дод, ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст. 10 Зеро касе ки он рӯзи корҳои майдаро писанд накарда буд, алҳол шоқулро дар дасти Зарубобил дида, шод хоҳад шуд; ин ҳафт — чашмони Худованд ҳастанд, ки тамоми заминро бо нигоҳи худ фаро мегиранд». 11 Ва ман савол дода, ба ӯ гуфтам: «Ин ду дарахти зайтун, ки ба тарафи рости чароғдон ва ба тарафи чапи он мебошад, чист?» 12 Ва бори дуюм савол дода, ба ӯ гуфтам: «Он ду шохаи зайтун, ки назди ду нойчаи тилло моеи тиллоранге аз даруни худ мерезад, чист?» 13 Ва ӯ ба ман гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям». 14 Ва ӯ гуфт: «Ин ду — таъминкунандагони равғани зайтун ҳастанд, ки ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон истодаанд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden