Закариё 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Дидани Еҳушаи саркоҳин. 1 Ва Еҳушаи саркоҳинро ба ман нишон дод, ки ба ҳузури фариштаи Худованд истода буд, ва шайтон ба тарафи рости ӯ меистод, то ки ӯро айбдор кунад. 2 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Худованд ба ту, эй шайтон, итоб менамояд, ва Худованд, ки Ерусалимро баргузидааст, ба ту итоб менамояд; ин, охир, кундаи нимсӯхтаест, ки аз оташ раҳонида шудааст». 3 Ва Еҳушаъ либоси ифлос дар тан дошт, ва ба ҳузури фаришта меистод, 4 Ки вай ба онҳое ки ба ҳузураш истода буданд, сухан ронда, гуфт: «Либоси ифлосро аз тани ӯ дур кунед». Ва ба ӯ гуфт: «Бубин, гуноҳатро аз ту дур кардам, ва туро либоси фохира пӯшонидам». 5 Ва ман гуфтам: «Бигзор аммомаи тозае бар сараш бимонанд», — ва аммомаи тозае бар сараш гузоштанд, ва ӯро либос пӯшониданд, дар сурате ки фариштаи Худованд меистод. 6 Ва фариштаи Худованд Еҳушаъро таъкид намуда, гуфт: 7 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: агар бо роҳҳои Ман биравӣ, ва агар хизмати Маро ба ҷо оварӣ, ту низ дар хонаи Ман сардорӣ хоҳӣ намуд, ва саҳнҳои Маро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард, ва Ман туро дар миёни инҳое ки меистанд, роҳ хоҳам дод. Бандаи Худо — Навда. 8 Пас бишнав, эй Еҳушаи саркоҳин, ту ва ёронат, ки ба ҳузури ту нишастаанд, зеро ки онҳо мардони хуҷаста ҳастанд: инак, Ман бандаи Худ — Навдаро хоҳам овард. 9 Зеро инак, он санге ки Ман ба ҳузури Еҳушаъ мегузорам; ба як санг бо ҳафт чашм менигарам; инак, Ман нақше бар он ҳак менамоям, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва гуноҳи ин заминро дар як рӯз дур мекунам. 10 Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, якдигарро зери ток ва зери дарахти анҷир даъват хоҳед намуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden