Закариё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Дидани марде бо ресмони андоза. 1 Ва ман чашмони худро боло карда, дидам, ва инак марде буд, ва ресмони андоза дар дасти худ дошт. 2 Ва ман гуфтам: «Ту куҷо меравӣ?» Ва ӯ ба ман гуфт: «Барои андоза кардани Ерусалим, то бубинам, ки бараш чӣ қадар аст ва дарозияш чӣ қадар». 3 Ва инак фариштае ки бо ман сухан меронд, берун рафт, ва фариштаи дигаре ба пешвози ӯ баромад, 4 Ва ба ӯ гуфт: «Шитоб намо ва ба ин ҷавон бигӯй: „Ерусалим аз бисьёрии одамон ва чорпоёне ки андарунаш хоҳанд буд, берун аз ҳисор маскун хоҳад гардид. 5 Ва Ман барои он, мегӯяд Худованд, девори оташине гирдогирдаш хоҳам буд, ва барои ҷалоли он андаруни он хоҳам буд“». 6 «Ҳой, ҳой, аз замини шимол бигрезед, мегӯяд Худованд; зеро ки Ман шуморо мисли чор самти осмон пароканда кардаам, мегӯяд Худованд». 7 Ҳой, Сион, ки назди духтари Бобил сокин мебошӣ, гурехта худро раҳо намо! 8 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд. Барои ҷалоли шумо Ӯ маро назди халқҳое ки шуморо тороҷ карданд, фиристодааст; зеро ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад. 9 «Зеро ки инак Ман дасти Худро бар онҳо хоҳам бардошт, ва онҳо ғанимати ғуломони худ хоҳанд шуд». Ва шумо хоҳед донист, ки Худованди лашкарҳо маро фиристодааст. 10 Тараннум ва шодӣ намо, эй духтари Сион! «Зеро инак, Ман меоям ва андаруни ту сокин хоҳам шуд», мегӯяд Худованд. 11 «Ва дар он рӯз халқҳои бисьёр ба Худованд ҳамроҳ хоҳанд шуд, ва қавми Ман хоҳанд гардид, ва Ман андаруни ту сокин хоҳам шуд». Ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди ту фиристодааст. 12 Ва Худованд Яҳудоро тасарруф намуда, насибаи Худ бар замини муқаддас хоҳад гардонид, ва аз нав Ерусалимро хоҳад баргузид. 13 Ба ҳузури Худованд хомӯш бошед, эй тамоми башар! Зеро ки Ӯ аз маскани муқаддаси Худ бархостааст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden