Закариё 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Ҷамъбасти воқеаҳо дар вақти фаро расидани рӯзи Худованд. 1 Инак рӯзи Худованд фаро мерасад, ва ғанимати ту андаруни ту тақсим хоҳад шуд. 2 Ва ҳамаи халқҳоро ба муқобили Ерусалим барои ҷанг ҷамъ хоҳам кард, ва шаҳр забт хоҳад шуд, ва хонаҳо тороҷ хоҳад гардид, ва занон гирифтори беномӯсӣ хоҳанд шуд, ва нисфи аҳолии шаҳр ба асирӣ хоҳанд рафт, ва бақияи қавм аз шаҳр маҳв нахоҳанд шуд. 3 Ва Худованд берун омада, бо он халқҳо ҷанг хоҳад кард, мисли он рӯзе ки Ӯ, дар рӯзи ҳарбу зарб, ҷангида буд. Зуҳури ба назар намоёни ҷалол. 4 Ва пойҳои Ӯ дар он рӯз бар кӯҳи Зайтун, ки аз тарафи шарқ рӯ ба рӯи Ерусалим аст, хоҳад истод; ва кӯҳи Зайтун аз миёнааш, аз шарқ то ғарб, ду тақсим шуда, дараи бисьёр калоне ба вуҷуд хоҳад омад, ва нисфи кӯҳ ба тарафи шимол, ва нисфи дигараш ба тарафи ҷануб ақиб хоҳад рафт. 5 Ва шумо сӯи дараи кӯҳҳои Ман хоҳед гурехт, зеро ки дараи кӯҳҳо то Осал хоҳад расид; ва шумо хоҳед гурехт, чунон ки дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, аз заминҷунбӣ гурехта будед; ва Худованд Худои ман хоҳад омад, ва ҳамаи муқаддасон ҳамроҳи Ӯ. 6 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки рӯшноӣ нахоҳад буд: абрҳои серборон ях баста, осмонро торик хоҳад кард. 7 Ва он як рӯзи алоҳида хоҳад буд, ва ҳама хоҳанд донист, ки он — рӯзи Худованд аст, ки на рӯз дорад ва на шаб, ва фақат дар вақти шом рӯшноӣ пайдо хоҳад шуд. 8 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки обҳои зинда аз Ерусалим берун хоҳад омад: нисфи онҳо — сӯи баҳри шарқӣ, ва нисфи дигари онҳо — сӯи баҳри ғарбӣ; дар тобистон ва дар зимистон ҳамин тавр хоҳад шуд. Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд. 9 Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона. 10 Тамоми ин замин, аз Ҷабъ то Риммӯн, ки ба тарафи ҷануби Ерусалим аст, ба даштрӯяе табдил хоҳад ёфт, дар сурате ки Ерусалим боз ҳам баландтар шуда, дар макони худ аз дарвозаи Биньёмин то ҷои дарвозаи аввалин ва то дарвозаи кунҷакӣ, ва аз бурҷи Ҳананъил то чархушти подшоҳ маскун хоҳад гардид. 11 Ва дар он сокин хоҳанд шуд, ва дигар таҳлука нахоҳад буд, ва Ерусалим дар амну амон хоҳад зист. 12 Ва чунин аст офате ки Худованд бар ҳамаи қавмҳое ки ба Ерусалим лашкар кашидаанд, фурӯд хоҳад овард: гӯшти бадани ҳар яке, дар ҳолате ки вай ҳанӯз ба пойҳои худ истода бошад, хоҳад тосид, ва чашмонаш дар косахонаи он хоҳад пӯсид, ва забонаш дар даҳонаш фасод хоҳад кард. 13 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки даҳшати азиме аз ҷониби Худованд дар миёни онҳо ба вуҷуд хоҳад омад, ва дасти якдигарро хоҳанд дошт, ва дасти яке бар зидди дасти дигаре бардошта хоҳад шуд. 14 Ва Яҳудо низ дар Ерусалим хоҳад ҷангид, ва сарвати ҳамаи халқҳои гирду пеш: тилло ва нуқра ва либос ба миқдори бағоят бисьёр ҷамъ карда хоҳад шуд. 15 Ва ҳамчунин офати аспон, хачирон, шутурон ва харон, ва ҳамаи чорпоёне ки дар ӯрдуҳои онҳо ҳаст, монанди ин офат ба амал хоҳад омад. 16 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳамаи боқимондагон аз ҳамаи халқҳое ки ба зидди Ерусалим омада буданд, ҳар сол хоҳанд омад, то ки ба Подшоҳ — Худованди лашкарҳо сачда баранд, ва иди хаймаҳоро ид кунанд. 17 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар ягон қабила аз қабилаҳои рӯи замин ба Ерусалим барои сачда бурдан ба Подшоҳ — Худованди лашкарҳо наоянд, бар онҳо борон нахоҳад борид. 18 Ва агар қабилаи Миср наоянд ва ҳозир нашаванд, бар онҳо на ин ҷазо, балки офате хоҳад омад, ки Худованд онро бар халқҳое ки барои ид кардани иди хаймаҳо намеоянд, фурӯд хоҳад овард. 19 Чунин аст сазои Миср ва сазои ҳамаи халқҳое ки барои ид кардани иди хаймаҳо намеоянд. 20 Дар он рӯз бар зангӯлаҳои аспон чунин нақше хоҳад буд: «Муқаддас аст барои Худованд». Ва дегҳо дар хонаи Худованд мисли тосҳои назди қурбонгоҳ хоҳад буд. 21 Ва ҳар деге ки дар Ерусалим ва Яҳудо ҳаст, муқаддас барои Худованди лашкарҳо хоҳад буд, ва ҳамаи онҳое ки қурбонӣ мекунанд, омада, аз онҳо хоҳанд гирифт ва дар онҳо таом хоҳанд пухт; ва дар он рӯз дигар ҳеҷ савдогаре дар хонаи Худованди лашкарҳо нахоҳад буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden