Закариё 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Дар бораи омадани якуми Масеҳ ва рад карда шуданаш. 1 Дарҳои худро, эй Лубнон, воз кун, то ки оташ арзҳои туро фурӯ барад. 2 Вовайло намо, эй сарв, зеро ки арз фурӯ ғалтидааст, зеро ки дарахтони боҳашамат валангор гардидааст; вовайло кунед, эй булутҳои Бошон, зеро ки ҷангалистони анбӯҳ ба залолат афтодааст. 3 Садои вовайлои чӯпонон ба гӯш мерасад, зеро ки шавкаташон валангор шудааст; садои наъраи шерони ҷавон мебарояд, зеро кибриёи Урдун валангор гардидааст. 4 Худованд Худои ман чунин мегӯяд: «Гӯсфандони забҳро бичарон, 5 Ки онҳоро харидоронашон мекушанд, ва айбдор дониста намешаванд; ва фурӯшандагонашон мегӯянд: „Муборак аст Худованд, ва ман сарватдор хоҳам шуд“; ва чӯпононашон ба онҳо раҳм намекунанд. 6 Зеро ки Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм нахоҳам кард, мегӯяд Худованд; ва инак, Ман одамонро ба дасти якдигар ва ба дасти подшоҳашон таслим хоҳам намуд, ва онҳо заминро торумор хоҳанд кард, ва Ман аз дасташон халосӣ нахоҳам дод». 7 Ва ман гӯсфандони забҳро барои гӯсфандҷаллобон чаронидам; ва ду асо барои худ гирифтам, ки якеро неъмат номидам ва дигареро ваҳдат номидам, ва гӯсфандонро чаронидам. Ғазаби Худо бар чӯпонони ғаддор. 8 Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт; 9 Ва гуфтам: «Шуморо нахоҳам чаронид; он ки мурданист, бигзор бимирад, он ки гум шуданист, бигзор гум бишавад, ва боқимондагон бигзор гӯшти якдигарро бихӯранд». 10 Ва ман асои худ — неъматро гирифта, шикастам, то аҳдеро, ки бо ҳамаи қавмҳо баста будам, ботил намоям. 11 Ва он дар он рӯз ботил гардид, ва гӯсфандҷаллобон, ки ба ман менигаристанд, донистанд, ки ин каломи Худованд аст. 12 Ва ман ба онҳо гуфтам: «Агар ин дар назари шумо писанд ояд, музди маро бидиҳед, вагар на — надиҳед»; ва онҳо музди маро ба қадри сӣ сиқли нуқра баркашиданд. 13 Ва Худованд ба ман гуфт: «Онро барои кулолгар биандоз, он қимати гаронро, ки аз ҷониби онҳо баҳо дода шудаӣ». Ва ман сӣ сиқли нуқраро гирифта, дар хонаи Худованд барои кулолгар андохтам. 14 Ва асои дуюми худ — ваҳдатро шикастам, то ки бародарии байни Яҳудо ва Исроилро ботил намоям. 15 Ва Худованд ба ман гуфт: «Боз асбоби чӯпони аҳмақеро барои худ бигир. 16 Зеро инак, Ман чӯпонеро дар ин замин хоҳам гузошт, ки даридашудагонро ба ёд нахоҳад овард, гумшудагонро ҷустуҷӯ нахоҳад кард ва маҷрӯҳонро муолиҷа нахоҳад намуд, ба по бархостагонро хӯрок нахоҳад дод, вале гӯшти фарбеҳонро хоҳад хӯрд, ва сумҳои онҳоро хоҳад шикаст. 17 Вой ба ҳоли чӯпони нобакор, ки гӯсфандонро тарк мекунад! Шамшер бар бозуяш ва бар чашми росташ зарба хоҳад зад; бозуяш тамоман хушк хоҳад шуд, ва чашми росташ тамоман хира хоҳад гардид». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden