Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Закариё 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Минбаъд мустаҳкам шудани Яҳудо ва Эфроим.

1 Боронро аз Худованд дар мавсими борони охирин биталабед; Худованд, ки барқҳоро ба вуҷуд меоварад, ба онҳо борони фаровон хоҳад дод, ва гиёҳ дар киштзори ҳар кас.

2 Зеро ки бутҳо суханони ҳеҷу пуч мегӯянд, ва ҷодугарон рӯъёҳои дурӯғ мебинанд, ва хобҳои ботил ҳикоят мекунанд, бо гапҳои бекора тасаллӣ медиҳанд; бинобар ин мисли рамае ки пароканда шуда бошад, овора шуда мегарданд, азобу уқубат мекашанд, чунки чӯпон надоранд.

3 «Хашми Ман бар чӯпонон ба ҷӯш омадааст, ва сардоронро ҷазо хоҳам дод; зеро ки Худованди лашкарҳо рамаи Худро, яъне хонадони Яҳудоро тафаққуд хоҳад намуд, ва онҳоро мисли аспи шавкати Худ дар майдони корзор хоҳад гузошт.

4 Аз Яҳудо санги зовия, аз ӯ мех, аз ӯ камони ҷангӣ, аз ӯ ҳамаи ҳокимон бо якҷоягӣ мебароянд.

5 Ва онҳо, ҳамчун баҳодурон, душманро дар ҷанг мисли лои кӯчаҳо поймол хоҳанд намуд, ва хоҳанд ҷангид, чунки Худованд бо онҳост, ва аспсаворонро хиҷил хоҳанд кард.

6 Ва Ман хонадони Яҳудоро тақвият хоҳам намуд, ва хонадони Юсуфро наҷот хоҳам дод, ва онҳоро хоҳам баргардонид, зеро ки бар онҳо марҳамат кардаам, ва онҳо тавре хоҳанд буд, ки гӯё онҳоро ҳаргиз тарк накарда бошам, зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ва онҳоро иҷобат хоҳам намуд.

7 Ва банӣ‐Эфроим мисли баҳодурон хоҳанд буд, ва дили онҳо мисли шаробнӯшидагон шод хоҳад гардид; ва фарзандонашон инро дида, шодӣ хоҳанд кард, ва дили онҳо дар Худованд ба ваҷд хоҳад омад.

8 Ба онҳо ҳуштак хоҳам кашид, ва онҳоро ҷамъ хоҳам кард, зеро ки онҳоро фидия дода гирифтаам, ва афзоиш хоҳанд ёфт, чунон ки пештар афзуда буданд.


Дар бораи парокандагии ояндаи Исроил.

9 Ва онҳоро дар миёни қавмҳо хоҳам кошт, ва Маро дар ҷойҳои дурдаст ба ёд хоҳанд овард, ва бо фарзандони худ умр ба сар бурда, хоҳанд баргашт.

10 Ва онҳоро аз замини Миср хоҳам баргардонид, ва аз Ашшур ҷамъ хоҳам кард; ва онҳоро ба замини Ҷилъод ва ба Лубнон хоҳам овард, ва макон барояшон кифоят нахоҳад кард.

11 Ва аз баҳри мусибат убур хоҳанд намуд, ва мавҷҳоро дар баҳр зарба хоҳанд зад, ва ҳамаи умқҳои наҳр хушк хоҳад шуд, ва кибри Ашшур ба залолат хоҳад афтод, ва чӯбдасти салтанати Миср нест хоҳад шуд.

12 Ва онҳоро дар Худованд тақвият хоҳам намуд, ва онҳо ба исми Ӯ рафтор хоҳанд кард», мегӯяд Худованд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan