Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 98 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ ҲАШТУМ Ростӣ дар малакути Худо ҳукмрон аст.

1 Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор қавмҳо ба ларза оянд! Ӯ бар каррубиён нишастааст: бигзор замин мутазалзил гардад!

2 Худованд дар Сион бузург аст; ва Ӯ бар ҳамаи қавмҳо баланд аст.

3 Исми Туро ҳама хоҳанд гуфт, эй бузургвор ва саҳмгин! — Ӯ Қуддус аст.

4 Ва қуввати подшоҳ инсофро дӯст медорад. Ту ҳаққониятро барқарор кардаӣ; инсоф ва адолатро дар Яъқуб ба амал овардаӣ.

5 Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба қадамгоҳи Ӯ саҷда кунед! — Ӯ Қуддус аст.

6 Мусо ва Ҳорун дар миёни коҳинони Ӯ буданд, ва Самуил дар миёни хонандагони исми Ӯ; онҳо сӯи Худованд мехонданд, ва Ӯ онҳоро иҷобат менамуд.

7 Дар сутуни абр ба онҳо сухан меронд; шаҳодоти Ӯро риоя мекарданд, ва фароизеро, ки ба онҳо дода буд.

8 Худовандо, Худои мо! Ту онҳоро иҷобат менамудӣ; онҳоро Худои ғаффор будӣ, ва барои амалиёти зидди онҳо интиқом мегирифтӣ.

9 Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба кӯҳи муқаддаси Ӯ саҷда кунед! — Зеро ки Худованд Худои мо Қуддус аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan