Забур 97 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ НАВАДУ ҲАФТУМ Суруд дар шаъни Худо, ки Довари одили тамоми ҷаҳон мебошад. 1 Тарона. Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед, зеро ки Ӯ корҳои аҷоиб кард; яминаш ва бозуи муқаддасаш Ӯро мададгор шуд. 2 Худованд наҷоти Худро маълум кард, адолати Худро пеши назари халқҳо зоҳир намуд. 3 Эҳсони Худ ва вафои Худро нисбат ба хонадони Исроил ба ёд овард; тамоми ақсои замин наҷоти Худои моро диданд. 4 Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин! Овоз бароред ва тараннум кунед ва суруд хонед. 5 Худовандро бо барбат бисароед, бо барбат ва бо овози тараннум. 6 Бо карнайҳо ва овози шох пеши Худованд Подшоҳ бонги шодӣ занед. 7 Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад; дуньё ва сокинони он низ; 8 Бигзор дарьёҳо каф зананд, кӯҳҳо якҷоя тараннум кунанд 9 Пеши Худованд, зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд; Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳоро аз рӯи инсоф. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden