Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 96 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ ШАШУМ Одилон аз ҷалоли Худованд шод мегарданд.

1 Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор замин ба ваҷд ояд, ва ҷазираҳои бисьёр хурсандӣ кунанд.

2 Абр ва тирагӣ гирдогирди Ӯст; адолат ва инсоф асоси тахти Ӯст.

3 Оташ пешопеши Ӯ равон аст, ва адуёни Ӯро гирдогирд месӯзонад.

4 Барқҳои Ӯ дуньёро равшан мекунад; замин мебинад ва меларзад.

5 Кӯҳҳо аз хузури Худованд мисли мум гудохта мешавад, аз хузури Худованди тамоми замин.

6 Осмонҳо адолати Ӯро баён мекунанд, ва ҳамаи қавмҳо ҷалоли Ӯро мебинанд.

7 Ҳамаи санампарастон, ки ба бутҳо меболанд, хиҷил мешаванд; ба Ӯ саҷда кунед, эй ҳамаи худоён!

8 Сион шунид ва хурсандӣ кард, ва духтарони Яҳудо шод шуданд ба муносибати довариҳои Ту, эй Худованд.

9 Зеро ки Ту, эй Худованд, бар тамоми замин баланд ҳастӣ, аз ҳамаи худоён бағоят болотарӣ.

10 Эй дӯстдорони Худованд, аз бадӣ нафрат кунед! Ӯ ҷонҳои порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад, онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад,

11 Нур барои одилон медурахшад, ва шодӣ барои ростдилон.

12 Эй одилон, дар Худованд шодӣ кунед, ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan