Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 95 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ ПАНҶУМ Башорат додани Худо дар миёни халқҳо.

1 Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед; дар шаъни Худованд суруд хонед, эй тамоми аҳли замин!

2 Дар шаъни Худованд суруд гӯед, исми Ӯро муборак хонед, наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.

3 Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо.

4 Зеро ки Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ; ва Ӯ саҳмгин аст бар ҳамаи худоён.

5 Зеро ки ҳамаи худоёни қавмҳо бутҳоянд, вале Худованд осмонро офаридааст.

6 Шукӯҳ ва шавкат ба ҳузури Ӯст, қувват ва ҷалолат дар қудси Ӯст.

7 Худовандро васф гӯед, эй қабилаҳои қавмҳо! Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро гӯед.

8 Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро гӯед; ҳадия биёред ва ба саҳнҳои Ӯ биёед.

9 Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед; пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!

10 Ба халқҳо бигӯед: Худованд подшоҳӣ мекунад! Дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид; Ӯ қавмҳоро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард.

11 Бигзор осмон хурсандӣ кунад, ва замин ба ваҷд ояд; баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад;

12 Саҳро ва ҳар чӣ дар он аст, шод гардад, ва ҳамаи дарахтони ҷангал тараннум кунанд

13 Пеши Худованд, зеро ки меояд, зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд; Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳоро аз рӯи ростии Худ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan