Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 94 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ ЧОРУМ Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо, ки Офаридагор ва Наҷотдиҳанда мебошад.

1 Биёед, дар шаъни Худованд тараннум намоем, дар шаъни кӯҳпораи наҷоти худ бонги шодӣ занем.

2 Пеши Ӯ бо шукрона ҳозир шавем, дар шаъни Ӯ бо сурудҳо бонги шодӣ занем.

3 Зеро ки Худованд Худои бузург аст, ва подшоҳи бузург бар ҳамаи худоён.

4 Умқҳои замин дар дасти Ӯст; ва қуллаҳои кӯҳҳо аз они Ӯст.

5 Баҳр аз они Ӯст, ва онро Ӯ ба вуҷуд овардааст; ва хушкиро дастҳои Ӯ офаридааст.

6 Биёед, саҷда намоем ва таъзим кунем; пеши Худованд, ки Офаридагори мост, зону занем.

7 Зеро ки Ӯ Худои мост, ва мо қавми чарогоҳи Ӯ ва гӯсфандони зери дасти Ӯ ҳастем. Имрӯз агар овози Ӯро бишнавед:

8 «Дилҳои худро мисли замони ошӯб сахт накунед, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,

9 Ки падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро дида буданд.

10 Чил сол бар ин насл дарғазаб шудам, ва гуфтам: қавми гумроҳдил ҳастанд, ва роҳҳои Маро нафаҳмиданд,

11 Ба тавре ки Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan