Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 93 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ СЕЮМ Дуо дар бораи халосӣ додани қавми мазлум.

1 Худованд Худои интиқомҳост; эй Худои интиқомҳо, таҷаллӣ намо!

2 Бархез, эй Довари замин, подоши мағруронро бидеҳ.

3 То ба кай шарирон, эй Худованд, то ба кай шарирон шод бошанд?

4 Лоф мезананд, ҳавобаландона сухан меронанд; ҳамаи бадкирдорон калонигарӣ мекунанд.

5 Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд, ва бар мероси Ту зулм мекунанд.

6 Бева ва ғарибро мекушанд, ва ятимонро қатл мекунанд.

7 Ва мегӯянд: «Худованд намебинад, ва Худои Яъқуб сарфаҳм намеравад».

8 Бифаҳмед, эй ҷоҳилони қавм! Ва эй бехирадон, кай ба ақл меоед?

9 Он ки гӯшро шинондааст, оё намешунавад? Он ки чашмро офаридааст, оё намебинад?

10 Он ки халқҳоро танбеҳ медиҳад, оё мазаммат намекунад? — Он ки одамро ақл меомӯзад.

11 Худованд фикрҳои одамро медонад, ки онҳо ботил аст.

12 Хушо марде ки ӯро Ту, эй Худованд, танбеҳ мекунӣ, ва аз шариати Худ ӯро таълим медиҳӣ,

13 То ки ӯро аз рӯзҳои бад фароғат бахшӣ, то даме ки чоҳе барои шарир канда шавад.

14 Зеро ки Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард, ва мероси Худро тарк нахоҳад намуд.

15 Зеро ки доварӣ сӯи адолат хоҳад баргашт, ва ҳамаи ростдилон онро пайравӣ хоҳанд кард.

16 Кист, ки барои ман бар зидди бадкешон қиём кунад? Кист, ки барои ман бар зидди бадкирдорон истодагӣ намояд?

17 Агар Худованд мададгори ман намебуд, кам монда буд, ки ҷонам дар олами хомӯшӣ сокин шавад.

18 Вақте ки мегуфтам: «Пои ман мелағҷад», — эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард.

19 Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад.

20 Оё курсии фасодҳо метавонад бо Ту рафоқат дошта бошад, ки он аз номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд меоварад?

21 Бар ҷони одил тӯда мешаванд, ва хуни бегуноҳро маҳкум мекунанд.

22 Валекин Худованд қалъаи ман аст; ва Худои ман кӯҳпораи паноҳгоҳи ман аст.

23 Ва ҷафои онҳоро бар онҳо хоҳад баргардонид, ва онҳоро ба ивази бадиашон нест хоҳад кард; Худованд Худои мо онҳоро нест хоҳад кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan