Забур 92 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ НАВАДУ ДУЮМ Ҳамд кардани малакути Худо. 1 Худованд подшоҳӣ мекунад; Худро ба хилъати кибриё оростааст; Худованд Худро оростааст, камарбанди қувватро бастааст; дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид. 2 Тахти Ту аз қадимулайём барқарор гардидааст; Ту аз азал ҳастӣ. 3 Дарьёҳо хурӯш бардоштанд, эй Худованд; дарьёҳо овози худро бардоштанд, дарьёҳо талотуми мавҷҳои худро хоҳанд бардошт. 4 Аммо аз овозҳои обҳои бисьёр, аз туғьёнҳои неруманди баҳр Худованд дар афроз нерумандтар аст. 5 Шаҳодоти Ту бағоят боэътимод аст; хонаи Туро, эй Худованд, дер гоҳ кудсият зебанда аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden