Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 91 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ НАВАДУ ЯКУМ Мадҳ дар шаъни Худо барои он ки Ӯ ҷаҳонро мӯъҷизакорона ва меҳрубонона идора менамояд.

1 Тарона. Суруди рӯзи шанбе.

2 Некӯст Худовандро ҳамд гуфтан, ва исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, сароидан,

3 Саҳаргоҳон эҳсони Туро баён кардан, ва шабҳо садоқати Туро,

4 Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.

5 Зеро ки маро, эй Худованд, бо корҳои Худ шод кардаӣ; аъмоли дастҳои Туро тараннум хоҳам кард.

6 Чӣ бузург аст аъмоли Ту, эй Худованд! Бениҳоят амиқ аст фикрҳои Ту.

7 Одами беақл инро намедонад, ва аблаҳ сарфаҳм намеравад.

8 Дар сурате ки шарирон мисли алаф месабзанд, ва ҳамаи бадкирдорон мешукуфанд, то ки ба таври абадӣ нест шаванд, —

9 Ту то абад дар афроз ҳастӣ, эй Худованд!

10 Зеро инак, душманони Ту, эй Худованд, — инак, душманони Ту маҳв мегарданд ва ҳамаи бадкирдорон пароканда мешаванд.

11 Вале шохи маро мисли гови ваҳшӣ баланд кардаӣ; ба худ равғани тоза молидаам;

12 Ва чашмам ба мухолифонам хоҳад нигарист; гӯшҳоям дар бораи бадкешоне ки бар ман қиём мекунанд, хоҳад шунид.

13 Одил мисли нахл хоҳад шукуфт, мисли арзи Лубнон нашъунамо хоҳад ёфт.

14 Онҳое ки дар хонаи Худованд шинонда шудаанд, дар саҳнҳои Худои мо хоҳанд шукуфт.

15 Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,

16 То баён кунанд, ки Худованд росткор аст; Ӯ кӯҳпораи ман аст, ва дар Ӯ ҳеҷ ноинсофӣ нест.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan