Забур 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ НӮҲУМ Суруди пурсурури Довуд баъд аз ғалаба бар душманон. 1 Барои сардори муғанниён бар мамоти Лабин. Таронаи Довуд. 2 Худовандро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт; ҳамаи корҳои аҷоиби Туро ҳикоят хоҳам кард. 3 Дар Ту шодӣ ва хурсандӣ хоҳам кард, исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, хоҳам сароид. 4 Вақте ки душманонам ба ақиб баргарданд, пешпо хӯрда, аз пеши Ту нест хоҳанд шуд, 5 Зеро ки Ту доварӣ ва мурофиаи маро ба амал овардаӣ; Ту, эй Довари одил, бар тахт нишастаӣ. 6 Ту бар қавмҳо итоб намудаӣ, шарирро нест кардаӣ, номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад. 7 Душман барҳам хӯрда, ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст; шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст. 8 Валекин Худованд то абад қоим аст; Ӯ тахти Худро барои доварӣ барқарор кардааст, 9 Ва Ӯ дуньёро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард, қабилаҳоро аз рӯи ростӣ додгарӣ хоҳад намуд. 10 Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ. 11 Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ. 12 Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед, корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед. 13 Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад, онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад. 14 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд; ба мусибате ки аз дасти бадхоҳонам мекашам, назар андоз, ки Ту маро аз дарвозаи мамот баланд бардоштаӣ, 15 Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям: дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард. 16 Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд; дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд. 17 Худованд ба василаи доварие ки кард, шӯҳрат меёбад: шарир ба доме афтод, ки бо кафҳои худ сохта буд. Ҳиҷойӯн. Село. 18 Шарирон ба дӯзах хоҳанд рафт, яъне ҳамаи халқҳое ки Худоро фаромӯш мекунанд. 19 Зеро ки мискин ба сурати абадӣ фаромӯш нахоҳад шуд, ва умеди камбағалон то ба охир барбод нахоҳад рафт. 20 Бархез, эй Худованд, то ки одамизод густох набошад, ва халқҳо пеши Ту маҳкум гарданд. 21 Онҳоро, эй Худованд, ба ҳарос андоз, то халқҳо бидонанд, ки онҳо фақат одамизод ҳастанд. Село. Дуо дар бораи наҷот додан аз душманон ва умед бастан ба мадади Худо. 22 Чаро, эй Худованд, дур меистӣ? Ва дар вақти тангӣ Худро пинҳон медорӣ? 23 Шарир дар ғурури худ камбағалро таъқиб мекунад; кошки худашон ба найрангҳое ки андешидаанд, гирифтор шаванд! 24 Зеро ки шарир бо ҳирси нафси худ меболад, ва тамаъкор ба Худованд беэътиноӣ мекунад. 25 Шарир дар такаббури худ мегӯяд: «Ӯ бозхост нахоҳад кард»; тамоми хаёли вай ин аст, ки «Худо нест». 26 Роҳҳои вай ҳама вақт бомуваффақият аст; довариҳои Ту аз вай бағоят дур аст; ба ҳамаи хасмҳои худ беэътиноӣ мекунад; 27 Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид; ҳаргиз бадие нахоҳам дид». 28 Даҳони вай аз лаънат, макр ва фиреб пур аст; дар зери забонаш бадӣ ва хабосат аст. 29 Дар пушти работҳо камин мегирад; дар ҷойҳои ниҳонӣ бегуноҳро мекушад; чашмонаш аз паи бечора мепояд. 30 Дар ҷои ниҳонӣ, мисли шер дар лонаи худ, камин мегирад; барои қапидани камбағал камин мегирад, ва камбағалро қапида, ба доми худ мекашад; 31 Ба зону нишаста, хам мешавад, — ва бечорагон ба чанголи пурзӯри вай меафтанд. 32 Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст, рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид». 33 Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор, ҳалимонро фаромӯш накун. 34 Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда, дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»? 35 Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ. Бечора худро ба Ту месупорад; мададгори ятим Ту ҳастӣ. 36 Бозуи шарир ва бадкешро бишкан, ба тавре ки агар шарораташро ҷустуҷӯ намоӣ, ёфт нашавад. 37 Худованд подшоҳ аст то абад; мағрурон аз замини Ӯ нест хоҳанд шуд. 38 Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ; дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо, 39 То ки ятим ва мазлумро дар доварӣ ҳимоят намоӣ, ва одаме ки аз хок аст, дигар онҳоро натарсонад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden