Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 89 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ НӮҲУМ Дуо ба ҳузури Худои азалӣ дар бораи таваҷҷӯҳ намудан ба инсон.

1 Дуои Мусо, марди Худо. Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ.

2 Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва замин ва дуньё самар оваранд, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо.

3 Инсонро ба ҳолати ғубор бармегардонӣ, ва мегӯӣ: «Банӣ‐одам, баргардед!»

4 Зеро ки ҳазор сол дар назари Ту мисли дирӯз аст, ки гузашта бошад, ва мисли посе аз шаб.

5 Онҳоро мисли селобе равон мекунӣ; мисли он ки дар хоб бошанд; мисли алафе ки пагоҳӣ мерӯяд,

6 Пагоҳӣ месабзад ва гул мекунад, бегоҳӣ пажмурда ва хушк мешавад.

7 Зеро ки аз ғазаби Ту адо мешавем, ва аз хашми Ту ошуфта мегардем.

8 Гуноҳҳои моро дар пеши назари Худ гузоштаӣ, ниҳони моро дар нури рӯи Худ.

9 Зеро ки ҳамаи рӯзҳои мо зери қаҳри Ту гузаштааст; солҳои худро мисли фиғоне ба сар бурдаем.

10 Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол; вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст, зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем.

11 Кист, ки қуввати хашми Туро донад, ва қаҳри Туро ба андозае ки аз Ту тарсидан лозим аст?

12 Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ, то ки дили пурҳикмат пайдо кунем.

13 Баргард, эй Худованд! То ба кай? Бар бандагони Худ шафқат намо.

14 Саҳаргоҳон моро аз эҳсони Худ сер кун, то ки тамоми умри худ тараннум ва хурсандӣ кунем.

15 Моро хурсанд кун ба ивази рӯзҳое ки моро гирифтори залолат кардаӣ, ба ивази солҳое ки бадӣ дидаем.

16 Бигзор аъмоли Ту бар бандагонат зоҳир шавад, ва шавкати Ту бар фарзандони онҳо.

17 Бигзор ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо тақвият намо; ва амали дастҳои моро тақвият намо.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan