Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 88 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ҲАШТУМ Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо барои марҳамати Ӯ.

1 Суруди таълимии Эйтони Эзроҳӣ.

2 Ба эҳсонҳои Худованд то абад суруд хоҳам хонд; садоқати Туро бо даҳони худ то абадуддаҳр баён хоҳам кард.

3 Зеро ки мегӯям: «Эҳсон ба сурати абадӣ бино ёфтааст; садоқати Худро дар осмонҳо ба монанди онҳо барпо кардаӣ».

4 «Бо баргузидаи Худ аҳд бастаам, ба бандаи Худ Довуд қасам хӯрдаам:

5 Зурьёти туро то абад пойдор хоҳам сохт, ва тахти туро то абадуддаҳр бино хоҳам кард». Село.

6 Ва осмонҳо корҳои аҷоиби Туро, эй Худованд, ҳамд хоҳанд гуфт; садоқати Туро низ дар шӯрои муқаддасон.

7 Зеро кист дар фалак, ки ба Худованд баробар бошад? Кист аз фарзандони Худо, ки ба Худованд монанд бошад?

8 Худо дар шӯрои бузурги муқаддасон арҷманд аст, ва барои ҳамаи онҳое ки гирдогирди Ӯ ҳастанд, саҳмгин аст.

9 Худовандо, Худои лашкарҳо! Кист, ки мисли Ту, эй Худованд, тавоно бошад? Ва садоқати Ту гирдогирди Туст.

10 Ту бар ғалаёни баҳр ҳукмфармо ҳастӣ; вақте ки мавҷҳояш баланд шавад, Ту онҳоро сокит мекунӣ.

11 Ту Раҳабро мисли шаҳиде фурӯ нишондаӣ; бо бозуи пурзӯри Худ душманонатро пароканда кардаӣ.

12 Осмон аз они Туст, замин низ аз они Туст; дуньёро бо ҳар чӣ дар он аст, Ту буньёд кардаӣ.

13 Шимол ва ҷанубро Ту офаридаӣ; Тобӯр ва Ҳермӯн ба исми Ту тараннум хоҳанд кард.

14 Бозуи Ту соҳиби қудрат аст; дасти Ту пурқувват аст, ямини Ту боло.

15 Адолат ва инсоф асоси тахти Туст; эҳсон ва ростӣ пешопеши Ту мераванд.

16 Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд! Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд;

17 Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд, ва ба адолати Ту сарафроз мегарданд,

18 Зеро ки ҷалолати қуввати онҳо Ту ҳастӣ; ва бо таваҷҷӯҳи Ту шохи мо баланд хоҳад шуд.

19 Зеро ки сипари мо аз они Худованд аст, ва подшоҳи мо аз они Қуддуси Исроил.

20 Як вақте ба порсои Худ дар рӯъё сухан ронда, гуфтаӣ: «Ба зӯровар мадад кардам; баргузидаи қавмро боло бардоштам.

21 Бандаи Худ Довудро кофта ёфтам; бо равғани муқаддаси Худ ӯро тадҳин кардам,

22 Ки дасти Ман муттакои ӯ хоҳад буд; бозуи Ман низ ӯро қавӣ хоҳад кард.

23 Душман ӯро фишор нахоҳад дод, ва ноинсофе ба ӯ осеб нахоҳад расонд.

24 Ва адуёни ӯро пеши ӯ шикаст хоҳам дод, ва бадхоҳони ӯро иҳота хоҳам кард.

25 Ва садоқати Ман ва эҳсони Ман бо ӯст, ва шохи ӯ ба исми Ман баланд хоҳад шуд.

26 Ва дасти ӯро бар баҳр хоҳам гузошт, ва ямини ӯро бар дарьёҳо.

27 Ӯ Маро хоҳад хонд: „Ту падари ман ҳастӣ, эй Худои ман ва кӯҳпораи наҷоти ман“.

28 Ман низ ӯро нахустзодаи Худ хоҳам гардонд, баландтар аз подшоҳони замин.

29 Эҳсони Худро ба ӯ то абад нигоҳ хоҳам дошт, ва аҳди Ман бо ӯ боэътимод хоҳад буд.

30 Ва зурьёти ӯро то абад боқӣ хоҳам гузошт, ва тахти ӯро мисли рӯзҳои осмон.

31 Агар фарзандонаш шариати Маро тарк созанд, ва аз рӯи дастурҳои Ман рафтор накунанд;

32 Агар фароизи Маро поймол кунанд, ва аҳкоми Маро нигоҳ надоранд, —

33 Ҷинояти онҳоро бо асо сазо хоҳам дод, ва гуноҳи онҳоро бо шаллоқ.

34 Вале эҳсони Худро аз ӯ дур нахоҳам кард, аз садоқати Худ даст нахоҳам кашид.

35 Аҳди Худро нахоҳам шикаст, ва он чиро, ки аз даҳонам баромадааст, тағьир нахоҳам дод.

36 Як бор ба қудсияти Худ қасам хӯрдам, ки ба Довуд дурӯғ нахоҳам гуфт.

37 Зурьёти ӯ то абад хоҳад буд, ва тахти ӯ мисли офтоб ба ҳузури Ман;

38 Мисли моҳ то абад қоим хоҳад буд, ва шоҳиди амин дар фалак». Село.

39 Валекин Ту тарк кардаӣ ва безор шудаӣ, ва бо масеҳи Худ дар қаҳр шудаӣ.

40 Аҳди бандаи Худро хор дидаӣ, тоҷи ӯро ба замин задаӣ.

41 Ҳамаи ҳисорҳои ӯро рахна кардаӣ, қалъаҳои ӯро ба харобазор табдил додаӣ.

42 Ҳамаи роҳгузарон ӯро ғорат мекунанд; назди ҳамсояҳои худ нангин шудааст.

43 Ямини адуёни ӯро боло бардоштаӣ, ҳамаи душманони ӯро шод кардаӣ.

44 Дами шамшерашро низ гардондаӣ, ва ӯро дар ҷанг тақвият надодаӣ.

45 Шавкати ӯро ботил кардаӣ, ва тахти ӯро ба замин андохтаӣ.

46 Айёми навҷавонии ӯро кӯтоҳ кардаӣ; пероҳани хиҷолат бар ӯ пӯшондаӣ. Село.

47 То ба кай, эй Худованд, доим ниҳон хоҳӣ буд? Ва ғазаби Ту мисли оташ аланга хоҳад зад?

48 Ба ёд ор, чӣ гуна фонист умри ман? Чӣ гуна тамоми банӣ‐одамро ҳеҷу пуч офаридаӣ?

49 Кист марде ки зиндагӣ карда, мамотро намедида бошад? Ва ҷонашро аз дасти қабр халос мекарда бошад? Село.

50 Қуҷост эҳсонҳои пештараи Ту, эй Худованд, ки ба Довуд бо садоқати Худ қасам хӯрдаӣ?

51 Хории бандагони Худро, эй Худованд, ба ёд ор, ки онро аз ҳамаи қавмҳои бисьёр дар синаи худ бардошта мегардам;

52 Хорие ки душманони Ту, эй Худованд, расондаанд; хорие ки ба изҳои қадами масеҳи Ту расондаанд.

53 Муборак аст Худованд то абад! Омин ва омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan