Забур 87 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ҲАФТУМ Дуо дар бораи халосӣ додан аз мусибати сахт. 1 Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Барои сардори муғанниён бар сози маҳалат барои сароидан. Суруди таълимии Ҳеймони Эзроҳӣ. 2 Худовандо, Худои наҷоти ман! Рӯзона фарьёд мекашам, шабона пеши Ту ҳастам. 3 Бигзор дуоям пеши Ту бирасад; гӯши Худро сӯи тазаррӯи ман хам намо, 4 Зеро ки ҷонам аз мусибатҳо сер гардидааст, ва ҳаётам ба гӯристон наздик шудааст. 5 Аз фурӯравандагони гӯр ҳисоб шудаам; мисли марде гардидаам, ки маҷол надошта бошад. 6 Дар миёни мурдагон андохта шудаам, мисли шаҳидоне ки дар қабр хобидаанд, ки онҳоро дигар ёд нахоҳӣ кард, ва онҳо аз дасти Ту дур афтодаанд. 7 Маро дар чоҳи таҳтуттуроб, дар зулматҳо, дар қаърҳо гузоштаӣ. 8 Хашми Ту бар ман қарор гирифтааст, ва бо ҳамаи туғьёнҳои Худ маро пахш кардаӣ. Село. 9 Шиносҳоямро аз ман дур кардаӣ, маро дар назари онҳо нафратангез гардондаӣ; мисли бандӣ ҳастам, ва наметавонам берун оям. 10 Чашмам аз бисьёрии мусибат хаста шудааст; тамоми рӯз Туро, эй Худованд, хондаам; кафҳоямро сӯи Ту дароз кардаам. 11 Оё барои мурдагон кори аҷоибе хоҳӣ кард? Магар мурдагон бархоста, Туро ҳамд хоҳанд гуфт? Село. 12 Оё эҳсони Ту дар қабр зикр хоҳад ёфт, ва ростии Ту дар дӯзах? 13 Магар корҳои аҷоиби Ту дар зулмот дониста хоҳад шуд, ва адолати Ту дар кишвари фаромӯшӣ? 14 Валекин ман сӯи Ту, эй Худованд, истиғоса мебарам, ва субҳидам дуоям пеши Ту меояд. 15 Чаро, эй Худованд, ҷонамро фаромӯш мекунӣ, ва рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ? 16 Ман ситамкаш ҳастам ва аз хурдсолӣ маҳкуми мамот шудаам; бимҳои Туро аз сар гузаронда, маъюс гардидаам. 17 Ғазабҳои Ту бар ман гузаштааст; даҳшатҳои Ту кори маро тамом кардааст, 18 Ҳар рӯз мисли об даври маро мегирад; ҳамааш якҷоя маро иҳота мекунад. 19 Ёрон ва дӯстонро аз ман дур кардаӣ; ошноҳоям торикист. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden