Забур 86 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ШАШУМ Ситоиши шаҳри Худо. 1 Таронаи банӣ‐Кӯраҳ. Суруд. 2 Буньёди он дар кӯҳҳои муқаддас мебошад. Худованд дарвозаҳои Сионро зиёда аз ҳамаи масканҳои Яъқуб дӯст медорад. 3 Суханони ситоиш дар ҳаққи ту гуфта мешавад, эй шаҳри Худо. Село. 4 «Ба орифони Худ Раҳаб ва Бобилро зикр хоҳам кард; инак замини Фалиштӣ, ва Сӯр бо Ҳабаш; фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст». 5 Вале дар ҳаққи Сион гуфта хоҳад шуд: «Фалон одам ва фалон одам дар он таваллуд шудааст; ва Худи Ҳаққи Таоло онро барпо кардааст». 6 Худованд дар дафтари қавмҳо хоҳад навишт: «Фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст». Село. 7 Ва сарояндагон бо раққосон: «Ҳамаи чашмаҳоям дар туст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden