Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 84 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ЧОРУМ Дуо дар бораи марҳамат ба тарсгорони Худо.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

2 Ба замини Худ, эй Худованд, таваҷҷӯҳ намудаӣ, асирони Яъқубро баргардондаӣ,

3 Гуноҳи қавми Худро омурзидаӣ, ҳамаи хатоҳои онҳоро пӯшидаӣ,

4 Тамоми қаҳри Худро дур кардаӣ, аз шиддати ғазаби Худ баргаштаӣ.

5 Моро баргардон, эй Худои наҷоти мо, ва хашми Худро аз мо ботил намо.

6 Наход ки ба сурати абадӣ бо мо хашмгин хоҳӣ буд? Ва ғазаби Худро то абадуддаҳр давом хоҳӣ дод?

7 Наход ки Ту аз нав моро зинда нахоҳӣ гардонд, то ки қавми Ту дар Ту шод бошанд?

8 Эҳсони Худро, эй Худованд, бар мо зоҳир намо, ва наҷоти Худро ба мо ато фармо.

9 Хоҳам шунид, ки Худованд Худо чӣ мегӯяд. Ба яқин Ӯ ба қавми Худ ва ба порсоёни Худ аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд, то ки сӯи ҷаҳолат барнагарданд.

10 Ба яқин наҷоти Ӯ ба тарсгорони Ӯ наздик аст, то ки ҷалол дар замини мо сокин шавад.

11 Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард, адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.

12 Ростӣ аз замин хоҳад сабзид, ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.

13 Худованд низ некӯӣ ато хоҳад кард, ва замини мо ҳосили худро хоҳад дод.

14 Адолат пешопеши Ӯ хоҳад рафт, ва қадамҳояшро бар роҳ хоҳад гузошт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan