Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 83 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ СЕЮМ Хушбахтии беайбон ва умедворони Худованд.

1 Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

2 Чӣ дилпазир аст масканҳои Ту, эй Худованди лашкарҳо!

3 Ҷонам иштиёқманд ва беҳол аст барои саҳнҳои Худованд; дилам ва ҷисмам сӯи Худои Ҳай тараннум менамоянд.

4 Мурғак низ хонае барои худ пайдо мекунад, ва гунҷишк лонае, то ки чӯҷаҳояшро дар он бимонад, назди қурбонгоҳҳои Ту, эй Худованди лашкарҳо, эй Подшоҳи ман ва Худои ман!

5 Хушо сокинони хонаи Ту, ки Туро гашта‐баргашта мадҳ менамоянд. Село.

6 Хушо касоне ки қувваташон дар Туст, ва тариқҳоят дар дили онҳост.

7 Вақте ки аз водии ашкбор мегузаранд, онро чашмасор мегардонанд; борон низ онро бо баракат мепӯшад.

8 Ҳангоми рафтан бар қувваташон қувват меафзояд; дар Сион пеши Худо ҳозир мешаванд.

9 Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав; эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.

10 Сипари моро бубин, эй Худо, ва бар рӯи масеҳи Худ назар андоз;

11 Ба яқин як рӯз дар саҳнҳои Ту беҳтар аст аз ҳазор: афзал донистаам, ки назди остонаи хонаи Худо биистам, назар ба он ки дар хаймаҳои шарорат сокин бошам.

12 Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст; Худованд меҳр ва ҷалол хоҳад бахшид; касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард.

13 Эй Худои лашкарҳо! Хушо касе ки ба Ту таваккал мекунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan