Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 82 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ДУЮМ Дуо дар бораи подоши Худо ба душманони қавми баргузида.

1 Суруд. Таронаи Ософ.

2 Худоё! Ту сокит набош; хомӯш набош ва осуда набош, эй Худо!

3 Зеро инак, душманони Ту хурӯш мебароваранд, ва хасмҳои Ту сар мебардоранд.

4 Бар зидди қавми Ту дасиса меандешанд, ва бар зидди паноҳкардагони Ту машварат менамоянд.

5 Гуфтанд: «Меравем ва онҳоро нест мекунем, то ки халқе набошанд, ва номи Исроил дигар зикр наёбад».

6 Якдилона маслиҳатро пазондаанд, бар зидди Ту иттифоқ бастаанд:

7 Хаймаҳои Адӯм ва исмоилиён; Мӯоб ва ҳоҷариён;

8 Ҷабол ва Аммӯн ва Амолеқ; замини Фалиштӣ бо сокинони Сӯр;

9 Ашшур низ ба онҳо ҳамроҳ шудааст; онҳо бозуе барои банӣ‐Лут гардидаанд. Село.

10 Ба онҳо ончунон амал бикун, чунон ки ба Мидьён кардаӣ, чунон ки ба Сисро, чунон ки ба Ёбин дар наҳри Қишӯн,

11 Ки онҳо дар Айндӯр ба ҳалокат расидаанд, барои замин пору шудаанд.

12 Мирони онҳоро мисли Ӯреб ва Заэб гардон, ва ҳамаи шоҳзодагони онҳоро мисли Забҳ ва Салмуноъ,

13 Ки онҳо мегуфтанд: «Воҳаҳои Худоро барои худ тасарруф хоҳем кард».

14 Эй Худои ман! Онҳоро мисли ғуборе дар гирдбод гардон, мисли хасе пеши шамол.

15 Чунон ки оташ ҷангалро месӯзонад, ва чунон ки аланга кӯҳҳоро парт мекунад,

16 Ончунон онҳоро бо бӯрони Худ бирон, ва бо тундбоди Худ онҳоро дар даҳшат андоз.

17 Рӯйҳои онҳоро пурнанг гардон, то ки исми Туро, эй Худованд, толиб шаванд.

18 Бигзор онҳо ба сурати абадӣ шарманда ва ошуфтаҳол шаванд, ва расво шуда, нест гарданд,

19 Ва бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Худованд аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan