Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 81 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ЯКУМ Таҳдиди доварии Худо бар доварони ноинсоф.

1 Таронаи Ософ. Худо дар анбӯҳи худоён истодааст; дар миёни худоён доварӣ мекунад.

2 То ба кай ноинсофона доварӣ хоҳед кард? Ва нисбат ба шарирон рӯбинӣ хоҳед кард? Село.

3 Ба бенавоён ва ятимон додгарӣ намоед; мазлумон ва мискинонро сафед кунед;

4 Бенаво ва камбағалро раҳо кунед: аз дасти шарирон халосӣ диҳед.

5 Намедонанд ва намефаҳманд, дар торикӣ роҳ мераванд; ҳамаи асосҳои замин ба ларза омадааст.

6 Ман гуфтам: «Шумо худоён ҳастед, ва ҳамаатон — писарони Хаққи Таоло.

7 Аммо ҳамчун одамизод хоҳед мурд, ва чун яке аз мирон фурӯ хоҳед ғалтид».

8 Бархез, эй Худо, заминро доварӣ намо; зеро ки Ту молики ҳамаи халқҳо ҳастӣ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan