Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 80 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАШТОДУМ Мадҳ ва суруд дар шаъни Худо, ки қавми Худро наҷот додааст.

1 Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Ософ.

2 Дар шаъни Худое ки қуввати мост, тараннум намоед! Дар шаъни Худои Яъқуб бонги шодӣ занед!

3 Сурудро баланд кунед ва дафро биёред, ва барбати хушоҳангро бо уд.

4 Дар сари моҳ шох навозед, дар рӯзи моҳи пурра низ, ки рӯзи иди мост.

5 Зеро ки он фарз аст барои Исроил, ҳукмест аз Худои Яъқуб.

6 Инро Ӯ шаҳодате дар Юсуф муқаррар намуд, вақте ки вай бар замини Миср берун рафт. Забонеро, ки намедонистам, шунидам:

7 «Китфи варо аз бори гарон раҳо кардам; кафҳои вай аз сабад озод шуд.

8 Дар тангӣ хондӣ, ва Ман туро халосӣ додам; аз даруни раъд туро иҷобат намудам; назди обҳои Мерибо туро имтиҳон кардам. Село.

9 Бишнав, эй қавми Ман, ва Ман ба ту шаҳодат хоҳам дод; эй Исроил, кошки Маро бишнавӣ!

10 Бигзор туро худои ғайр набошад, ва ту ба худои бегона саҷда накун.

11 Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср берун овардаам; даҳони худро воз кун, ва Ман онро пур хоҳам кард.

12 Валекин қавми Ман ба овози Ман гӯш надод, ва Исроил ба ман сар нафуровард.

13 Ва Ман онҳоро ба якравии дилашон вогузор кардам, то ки аз паи андешаҳои худ бираванд.

14 Кошки қавми Ман ба Ман гӯш медод, ва Исроил бо роҳҳои Ман мерафт!

15 Ба зудӣ душманони онҳоро фурӯ менишондам, ва дасти Худро бар адуёни онҳо бармегардондам:

16 Хасмҳои Худованд ба вай бо тамаллуқ мутеъ мешуданд, ва замони вай то абад давом мекард.

17 Варо аз гандуми беҳтарин мехӯрондам; ва аз асали кӯҳпора туро сер мекардам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan